МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ИМД-2020
Душанбе, 13-уми июни соли 2020
Ба диққати довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 аз қайд гузаштаанд, расонида мешавад, ки рӯйхати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст. Ин рӯйхат нишонии ҳар як муассисаи таълимии дар заминаи он маркази имтиҳонӣ ташкилшаванда ва нуқтаи роҳнамо (ориентир)-ро фаро мегирад.
Лозим ба зикр аст, ки рӯйхати мазкур бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2020, № 1720 тасдиқ гардидааст.
Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон ва довталабони азқайдгузашта вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии осони довталабон таҳия гардидааст, барои имтиҳонсупории довталабон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 48 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад. Бо дарназардошти рӯйхати тасдиқгардида даъватномаҳои довталабони аз 2-юми март то 30-юми апрел номнависшуда рӯзҳои наздик омода ва ба довталабон тибқи макони дар вақти бақайдгирӣ нишондодаашон фиристода мешавад. Макони фиристодани даъватнома, ки онро довталаб интихоб кардааст, дар варақаи бақайдгириаш нишон дода шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродиаш низ ҷойгир карда шуда, дар ин бора ба довталаб паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода мешавад.
Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд шудааст. Ин маълумот барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродияш низ дастрас аст.
Ба довталабон тавсия медиҳем, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати зикргардида маълумот гирифта, бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.
Довталаб бояд 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат), ниқоби тиббӣ ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ба маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда ҳозир шавад.