Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 07 Июни 2019
Диданд: 1026

Душанбе, 7-уми июни соли 2019

Ба диққати довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 аз қайд гузаштаанд, расонида мешавад, ки рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст. Ин рӯйхат нишонии ҳар як муассисаи таълимии дар заминаи он маркази имтиҳонӣ ташкилшаванда ва нуқтаи роҳнамо (ориентир)-ро фаро мегирад.

Лозим ба зикр аст, ки рӯйхати чунин муассисаҳо бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми майи соли 2019, № 2656 тасдиқ гардидааст.

Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон ва довталабони азқайдгузашта вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии осони довталабон таҳия гардидааст, барои имтиҳонсупории довталабон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 47 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад. Бо дарназардошти рӯйхати тасдиқгардида даъватномаҳои довталабони аз 1-уми март то 30-юми апрел номнависшуда омода карда шуда, раванди фиристодани онҳо ба довталабон тибқи макони нишондодаашон дар вақти бақайдгирӣ ва ҷойгир кардани нусхаи электронии онҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон оғоз гардид. Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд шудааст. Маълумоти мазкур барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродияш низ дастрас аст.

Ба довталабон тавсия медиҳем, ки дар бораи нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати зикргардида маълумот гирифта, бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд. Хотиррасон мекунем, ки даъватнома ба маконе, ки довталаб интихоб кардааст (дар варақаи бақайдгирӣ нишондодашуда), фиристода шуда, гуна (версия)-и электронии он дар кабинети инфиродии довталаб ҷойгир карда шудааст.

Довталаб бояд 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ба маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда ҳозир шавад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон