Душанбе, 9-уми июни соли 2022
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳнамоии довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022 аз қайд гузаштаанд, рӯйхати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиеро, ки дар заминаи онҳо барои баргузории имтиҳонҳои мазкур марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, дар сомонаи худ ҷойгир кард. Ин рӯйхат нишонии ҳар як муассисаи таълимии дар заминаи он маркази имтиҳонӣ ташкилшаванда ва нуқтаи роҳнамо (ориентир)-ро фаро мегирад.
Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон ва довталабони азқайдгузашта вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии осони довталабон таҳия гардидааст, барои имтиҳонсупории довталабон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 46 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад. Бо дарназардошти рӯйхати тасдиқгардидаи марказҳои имтиҳонӣ даъватномаҳои довталабони аз 1-уми март то 30-юми апрел номнависшуда омода ва раванди фиристодани онҳо ба довталабон тибқи макони дар вақти бақайдгирӣ нишондодаашон оғоз гардид. Макони фиристодани даъватнома, ки онро довталаб интихоб кардааст, дар варақаи бақайдгириаш нишон дода шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродиаш низ ҷойгир карда, дар ин бора ба довталаб паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода шуд.
Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд шудааст. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас аст.
Ба довталабон тавсия медиҳем, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати зикргардида маълумот гирифта, бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.
Довталаб бояд ба маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шавад.
РӮЙХАТИ
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ (МИ) барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ташкил карда мешаванд
Р/т |
№ МИ |
Муассисаи таълимие, ки дар он МИ ташкил карда мешавад |
||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо (ориентир) |
||
1 |
01/01 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур, 77 |
театри “Лухтак” |
2 |
01/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шарқ, 56 |
бозори “Меҳргон” |
3 |
01/03 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 149/1 |
факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Депои троллейбусҳои № 1 |
4 |
01/04 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шевченко, 109 |
Бонки аввалини молиявии хурд, таваллудхонаи шаҳрии № 2 |
5 |
01/05 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59 |
беморхонаи “Қаряи боло”, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” |
6 |
01/06 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50-и ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Юсуф Вафо, 69 |
масҷиди ҷомеъ, калисои адвентистҳо |
7 |
01/07 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 94‑и ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Алишери Навоӣ, 21 |
дорухонаи “Санта-Фарм” (маҳаллаи 92-юм) |
8 |
01/08 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 95-и ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1 |
Бонки “Эсхата”, беморхонаи бемориҳои сироятӣ, (маҳаллаи Зарафшон) |
9 |
01/09 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 96-и ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1 |
маркази савдои “Испечак”, бозорчаи “Зарафшон” (маҳаллаи Зарафшон) |
10 |
01/10 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ – гимназияи № 74-и ноҳияи Фирдавсӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Деҳотӣ, 23 |
Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ, маҳаллаи 46-ум |
11 |
01/11 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и ноҳияи Фирдавсӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61 |
тарабхонаи “Суғдиён”, масҷиди “Аминҷон” (бозори “Саховат”) |
12 |
01/12 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и ноҳияи Фирдавсӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 93/2 |
филиали ҶСК “Агроинвестбонк” (бозори “Саховат”) |
13 |
01/13 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16‑и ба номи И.Е. Душкини ноҳияи Шоҳмансур |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи М. Мастонгулов, 2а |
фурудгоҳи куҳна, мағозаи масолеҳи сохтмонии “Строймаркет” |
14 |
01/14 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан) |
15 |
01/15 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт |
ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27 |
маркази ноҳия (шаҳраки Ғарм) |
16 |
02/01 |
Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум |
Хаймаи “Хайём”, ташкилоти амонатии қарзии хурд “Матин” (маҷмааи “Баҳори Аҷам”) |
17 |
02/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимии шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат) |
18 |
02/03 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79 |
телевизиони “Сафина” (Агроинвестбонк) |
19 |
02/04 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12-ум |
тарабхонаи “Шоҳин” |
20 |
02/05 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23‑и ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 13‑ум, кӯчаи Мевагул |
бозори “Наврӯз” |
21 |
02/06 |
Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонови шаҳри Истаравшан |
шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93 |
бонки “Эсхата” (маҳаллаи Қаробек) |
22 |
02/07 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи А.М. Горкии шаҳри Истаравшан |
шаҳри Истаравшан, кӯчаи Ленин, 142а |
тарабхонаи “Ҳусноро” |
23 |
02/08 |
Гимназияи № 1-и ба номи Эҳсонбой Бозорови шаҳри Конибодом |
шаҳри Конибодом, кӯчаи 8-уми март, 11 |
беморхонаи марказӣ |
24 |
02/09 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и шаҳри Конибодом |
шаҳри Конибодом, кӯчаи Ҷавонон, 16 |
беморхонаи кӯдакона |
25 |
02/10 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71-и шаҳри Панҷакент |
шаҳри Панҷакент, кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, 4 |
дармонгоҳи шаҳрӣ |
26 |
02/11 |
Гимназияи № 1-и ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи А. Нозиров, 44 |
комиссариати ҳарбӣ |
27 |
02/12 |
Муассисаи давлатии “Мактаби махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷ.д. Хистеварз |
варзишгоҳи калон |
28 |
03/01 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи Рӯдакӣ, 2а |
заводи трансформаторбарорӣ |
29 |
03/02 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 35 |
боғчаи кӯдаконаи № 10, комбинати ордбарорӣ |
30 |
03/03 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А.У. Муминови шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, маҳаллаи Кайҳоннавардон, 22 |
кохи “Лоҳутӣ”, иттифоқи касаба |
31 |
03/04 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, маҳаллаи Кайҳоннавардон, 72 |
боғчаи кӯдакони № 20 |
32 |
03/05 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12‑и ба номи Анварбек Ҳамидови шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17 |
маркази ҷавонон |
33 |
03/06 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В.П. Чкалови шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 |
боғи фарҳангӣ |
34 |
03/07 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Д. Назарови шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 |
роҳи марказӣ |
35 |
03/08 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45-и шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Борбад, 4 |
бозори “Сомонӣ” |
36 |
03/09 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51‑и ба номи Худоёр Раҷабови шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 1 |
корхонаи нонбарорӣ |
37 |
03/10 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Восеъ |
ноҳияи Восеъ, шаҳраки Восеъ, кӯчаи Изатулло Раҳимов |
маркази савдои “Султони Кабир” |
38 |
03/11 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 61-и ноҳияи Восеъ |
ноҳияи Восеъ, шаҳраки Ҳулбук, кӯчаи Н. Сулаймонов |
ҶСК “Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ” |
39 |
03/12 |
Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон” |
ноҳияи Данғара, ҷ.д. Корез, деҳаи Данғараи боло |
қасри Фарҳанг |
40 |
03/13 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Данғара |
ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шариф |
идораи хоҷагии ҷангал |
41 |
03/14 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Кӯшониён |
ноҳияи Кӯшониён, кӯчаи Абуалӣ Ибни Сино |
шуъбаи маориф |
42 |
03/15 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷ.д. Ҳалевард, деҳаи Сари роҳ, 4 |
бинои ҷамоати деҳоти Ҳалевард |
43 |
03/16 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ |
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, кӯчаи Балхӣ |
майдони варзишӣ |
44 |
03/17 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Шаҳритус |
ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 53 |
маркази таҳсилоти иловагӣ |
45 |
03/18 |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Шаҳритус |
ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Рӯдакӣ, 49 |
беморхонаи марказӣ, шуъбаи маориф |
46 |
04/01 |
Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 |
маркази шаҳр |