Душанбе, 25-уми сентябри соли 2026
Бо мақсади роҳнамоии довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 29-умиавгуст то 15-уми сентябри соли 2026) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ИМД дар соли 2026 аз қайд гузаштаанд, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати муассисаҳои таълимиеро, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории даври сеюми имтиҳонҳои мазкур ташкил карда мешаванд, дар сомонаи худ ҷойгир кард.
Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупорӣ ба ҳар як довталаб тавассути паёмак (SMS) фиристода шудааст. Ин маълумот барои довталабондар кабинети инфиродияшон низ нишон дода шудааст. Ба довталабон тавсия медиҳем, ки аз рӯйи паёмак ва ё даъватнома дар бораинишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар паёмак ва ё даъватномаашоннишон дода шудааст, аз рӯйхати зикргардида маълумот гирифта, бо макониимтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд. Бо худ даъватнома доштан хуб аст, аммо он дар даст набошад ҳам, барои бамаркази имтиҳонӣ даромадан мушкиле нест. Кофист, ки довталаб дар бораи макон вазамони имтиҳонсупориаш маълумот дошта бошад. Бо дарназардошти ғунҷоиши марказҳои имтиҳонӣ (теъдоди ҷойҳои нишаст) қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум) дар нимаи аввалрӯз (оғози имтиҳон – соати 09:00) ва қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилотимиёнаи умумӣ – синфи 11-ум) дар нимаи дуюми рӯз (оғози имтиҳон – соати14:00) баргузор мегардад. Довталаб бояд дар маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шавад.





