Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДУРАХШАНДАГОН”

Нашр шуд: 20 Майи 2024
Диданд: 13148

Душанбе, 20-уми майи соли 2024

20-уми майи соли 2024 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” доир гардид.

Дар ифтитоҳи озмун Сафарзода Анвар, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Абдулхолиқзода Лутфия, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаъфарзода Сабзалӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ин Марказ ва Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Нахуст Сафарзода Анвар суханронӣ намуда, зикр кард, ки тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи самтҳои афзалиятдори сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин аст, ки дар асоси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” довталабон дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил намуда, дар рушду ободии кишварамон – Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.

Озмуни дарёфти стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду марҳала иборат аст. Марҳилаи аввали онро барои дараҷаи бакалавр ва мутахассис Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест ва марҳилаи баъдиро аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ дар шакли суҳбат баргузор мекунанд.

Имсол тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” барои иштирок дар озмуни мазкур 247 нафар вобаста ба 4 гурӯҳи ихтисосҳо – 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ҳуҷҷат супорида буданд. Аз ин шумора зиёда аз 220 нафарашон дар марҳилаи якуми озмун ширкат карданд.

Довталабоне, ки дар марҳалаи якум ва дуюми озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” муваффақ мегарданд, аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсили худро идома медиҳанд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон