Душанбе, 18-уми феврали соли 2026
18-уми феврали соли 2026 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти бурсияҳои таҳсил дар зинаи бакалавриат дар Ҷумҳурии Маҷористон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия ва муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, кормандони Маркази миллии тестӣ ва муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ширкат намуданд.
Дар оғоз Абдулхолиқзода Лутфия суханронӣ намуда, қайд кард, ки тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат қарор дорад ва дар робита ба ин масъала ҳамасола тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар асоси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” довталабон дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил намуда, дар рушду ободии кишварамон – Тоҷикистон саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Сипас муовини аввали директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит нуктаҳои муҳимро барои супоридани имтиҳонҳои марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти бурсияҳои таҳсил дар Ҷумҳурии Маҷористон ба довталабон таъкид ва ба онҳо барои супоридани имтиҳонҳо мувафаққият таманно кард.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи аввали озмун барои дарёфти бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ барои зинаи бакалаврро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест баргузор мекунад.
Марҳилаи дуюми озмунро Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ баргузор менамояд. Ғолибони озмун аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар донишгоҳҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил хоҳанд кард.
Бояд қайд кард, ки дар марҳилаи якум барои иштирок дар озмун барои дарёфти бурсияҳои таҳсил дар Ҷумҳурии Маҷористон 89 нафар довталаб иштирок намуданд.







