Душанбе, 23-юми июни соли 2025
23-юми июни соли 2025 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ марҳалаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” доир гардид.
Дар ифтитоҳи озмун Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ – директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Одиназода Рамазон Сафар – директори Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар оғоз Абдулхолиқзода Лутфия суханронӣ намуда, қайд кард, ки тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат қарор дорад ва дар робита ба ин масъала ҳамасола тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар асоси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” довталабон дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил намуда, дар рушду ободии кишварамон – Тоҷикистон саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Сипас директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ нуктаҳои муҳимро барои супоридани имтиҳонҳои марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ба довталабон таъкид ва ба онҳо барои супоридани имтиҳонҳо барору мувафаққият таманно намуд.
Озмун барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду марҳала иборат аст. Марҳилаи аввали онро барои дараҷаи бакалавр ва мутахассис Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест ва марҳилаи баъдиро аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ дар шакли суҳбат баргузор мекунанд.
Имсол тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” барои иштирок дар озмуни мазкур 469 нафар вобаста ба 4 гурӯҳи ихтисосҳо – 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ҳуҷҷат супорида буданд.
Довталабоне, ки дар марҳалаи якум ва дуюми озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” муваффақ мегарданд, аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.