Душанбе, 12-уми июни соли 2022
Ба таваҷҷуҳи хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур аз 10-ум то 30‑юми июн аст.
Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2022, ки тибқи нақшаи қаблӣ танҳо дар шаҳри Душанбе бояд гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ба роҳ монда мешавад.
Шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат кунанд.
Лозим ба қайд аст, ки довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.
Инчунин, барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз 10-уми июн оғоз ва то 30-юми июн давом меёбад. Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирии ин довталабон низ дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт сурат мегирад. Довталабоне, ки интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, бояд бо (1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст; (2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ ва (3) расид аз филиал ё маркази хизматрасонии филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонатмобайл” оид ба пардохти маблағи пурра ба нуқтаи бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ муроҷиат кунанд.
Хотиррасон мекунем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоташ ва марҳалаҳои бақайдгирию азнавбақайдгирӣ чунин муқаррар гардидааст:
1. Бақайдгирии довталабон (шахсони якум маротиба номнависшаванда), инчунин азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда шудаанду интихобҳои аввалаи худро дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) иваз кардан мехоҳанд
Зинаи таҳсилот |
Р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
Таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ |
1 |
Довталабони беимтиёз |
240 |
2 |
Довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд |
120 |
|
3 |
Довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” |
120 |
|
4 |
Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола |
-* |
|
5 |
Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд |
-* |
|
Таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) |
6 |
Довталабони беимтиёз |
180 |
7 |
Довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд |
90 |
|
8 |
Довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” |
90 |
|
9 |
Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола |
-* |
|
10 |
Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд |
-* |
2. Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) номнавис карда мешаванд**
Зинаи таҳсилот |
Р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
Новобаста аз зинаи таҳсилот |
1 |
Довталабони беимтиёз |
25 |
2 |
Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола |
-* |
|
3 |
Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд |
-* |
* ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2022 озоданд. Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ва 224 53 66 ба Марказ муроҷиат кунад;
** довталаб дар муҳлати барои азнавбақайдгирӣ муқаррарнамудаи Марказ ба миқдори номаҳдуд худро аз нав номнавис карда метавонад. Агар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнависшуда интихобҳои аввалаи худро дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) як маротиба иваз карда бошад, маротибаи баъдӣ барои азнавбақайдгирӣ ҳамагӣ 25 сомонӣ пардохт мекунад.
Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт ё тавассути барномаи мобилии “Амонатмобайл” пардохт карда шавад.
ТАВАҶҶУҲ! Довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 30‑юми июн) интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ (12-уми июл) дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе месупоранд.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html) ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.
Феҳристи ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки аз рӯйи онҳо донишҷӯён қабул карда мешаванд, низ дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/nakshai-kabul.html) ҷой дода шудааст.
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ
Р/т |
Муассисае, ки дар заминаи он нуқтаи бақайдгирӣ дар ташкил карда мешавад |
||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо (ориентир) |
|
|
Шаҳри Душанбе |
||
1. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70 ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистони ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15 |
хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ) |
2. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
саристгоҳи роҳи оҳан, рӯбарӯи маркази савдои “Ёқут-2000” |
|
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
||
3. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт |
ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи И. Сомонӣ, № 27 |
дар маркази ноҳия |
|
Вилояти Суғд |
||
4. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимови шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат) |
5. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов |
шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 |
маркази шаҳр (дар муқобили бозори либосӣ) |
|
Вилояти Хатлон |
||
6. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 7 |
бозори марказӣ |
7. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 |
Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (рӯбарӯи боғи фарҳангӣ) |
8. |
Литсейи тамоюли техникӣ ба номи Афлотуни ноҳияи Данғара |
ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
шуъбаи маориф |
|
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
||
9. |
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, 28 |
бинои ҳукумати вилоят |
Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки довталаб дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ бояд пешниҳод намояд:
1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан (барои шахсоне, ки дар синфи 9-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ мехонанд);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);
3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”. Ҳаҷми маблағ ‒ арзиши хизматрасониро Марказ ҳар сол, то оғози давраи бақайдгирӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад):
- маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” будани довталаб, ки Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст ва нусхаи аз ҷониби ин мақомот тасдиқшудаи ҳуҷҷати мазкур (агар тибқи хулосаи хадамоти мазкур барои онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил манъ карда нашуда бошад);
- хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб ва нусхаҳои нотариалӣ тасдиқшудаи ин ҳуҷҷатҳо – барои ятимони кулли то 21-сола;
- қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб, нусхаи қарори мазкур, инчунин ҳуҷҷате, ки барои қабули қарори мазкур асос шудааст ва ҳуҷҷат (маълумотнома бо муҳр) дар ин бора аз мақомоти мазкур – барои бепарасторони то 21-сола;
- хатти вафоти падар ё модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаби то 21‑сола ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои мазкур – барои фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд. Дар хатти вафот бояд сабаби вафот мушаххас нишон дода шуда бошад;
- тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ ва нусхаи он (барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда);
- шаҳодатнома дар бораи дорандаи яке аз унвонҳои “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб ва нусхаи он, ба шарте ки шаҳодатномаро яке аз мақомоти зерин дода бошад:
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе;
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд;
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон;
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ;
- Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон.