Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МАРҲАЛАИ ИЛОВАГИИ БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 07 Июни 2019
Диданд: 1212

Душанбе, 7-уми июни соли 2019

Ба таваҷҷуҳи хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2019, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД аз 10-уми июн оғоз мегардад. Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе бо нишониҳои дар зер овардашуда то 30‑юми июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди бақайдгирӣ бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.

Лозим ба қайд аст, ки довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

Хотиррасон мекунем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш чунин муқаррар гардидааст:

1) 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд;

2) 160 (яксаду шаст) сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум);

3) 25 (бисту панҷ) сомонӣ – барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввала (барои довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30‑юми июн) номнавис карда мешаванд).

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст:

1) шахсоне, ки ятими кул ва бепарастори то 21-солаанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озоданд;

2) шахсони зерин аз пардохти 50%-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озоданд:

- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

Тибқи тартиби мазкур, шахсони зерин барои иштирок дар ИМД‑2018 аз маблағи муайяншуда танҳо 50 %-ро, яъне – 125 (яксаду бисту панҷ) сомонӣ пардохт мекунанд:

- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озод аст.

Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) бошад, 80 (ҳаштод) сомонӣ ва шахсони дигар (дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ) 125 (яксаду бисту панҷ) сомонӣ пардохт мекунанд.

Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе пардохт карда шавад.

Инчунин, барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз 10-уми июн оғоз ва то 20-уми июн давом меёбад. Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ низ дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе сурат мегирад. Довталабоне, ки интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, бояд бо (1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст; (2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ ва (3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи пурра (250 сомонӣ) ба нуқтаи бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ муроҷиат кунанд.

ТАВАҶҶУҲ! Довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 12-ум то 20‑уми июн) интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ – аз 18-ум то 19-уми июл дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе месупоранд. 

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab/791-rohnamoi-dovtalab-2019.html) ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.

 

1. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ

 

Р.т.

Муассисаи таълимие, ки нуқтаи бақайдгирӣ дар он ҷойгир аст

ном

нишонӣ

нуқтаи роҳнамо

1.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15

хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ)

2.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

сариистгоҳи роҳи оҳан, рӯбарӯи маркази савдои “Ёқут-2000”

 

2. Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки довталаб дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ бояд пешниҳод намояд:

1) асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (барои хатмкунандагони синфи 9‑ум – маълумотнома бо сурат аз ҷойи истиқомат);

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:

- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум (барои хатмкунандаҳои синфи 9-ум);

- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);

- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);

- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);

- асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумии асосӣ (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);

- асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм намудаанд);

- асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);

- асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);

3) расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” (ҳаҷми маблағро ҳар сол Марказ муайян менамояд);

4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад), аз ҷумла:

- хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумотномаи силсиладор) дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё кӯдаки маъюб будани довталаб, агар тибқи хулосаи хадамоти мазкур барои онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил манъ карда нашуда бошад (асл ва нусхаи тасдиқкардаи ин мақомот);

- хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб – барои ятимони кулли то 21-сола (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);

- қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб – барои бепарасторони то 21-сола (асл ва нусхаи тасдиқкардаи ин мақомот);

- хатти вафоти падар ё ­модар, шаҳодатнома да­р бораи таваллуди дов­талаби то 21‑сола –­ барои фарзанди хизматчии ҳарбие, ки ҳангоми­ иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаа­ст ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хиз­мати ҳарбӣ маъю­б ё бемор шуда, бар асари он фавтидааст (а­сл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);

- тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ (барои онҳое, ки ҷойи 1‑ум, 2‑юм ё 3‑юмро ишғол намудаанд);

- тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг;

- шаҳодатнома дар бораи дорандаи унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);

- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ивази билети ҳарбӣ барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда дода шудааст (асл ва нусха).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон