Душанбе, 6-уми майи соли 2021
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2021‑ум рӯзи 30‑юми апрел ба анҷом расид. Вобаста ба ин, хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшуда ба шахсони зерин дар чунин ҳолатҳо баргардонида мешавад:
1) соҳиби расиди бонкӣ, ки аз номнависӣ барои иштирок дар ИМД даст кашидааст;
2) довталабе, ки:
• аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидааст;
• бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад;
• хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад;
• бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок намекунад;
• тибқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи аз пардохти тамоми маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз он озод буданро дорад, вале ин маблағро қисман, пурра ё барзиёд пардохтааст;
• маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтаасту аммо дар ин марҳала худро сабти ном накардааст (азнавбақайдгириро нагузаштааст);
• аз миқдори маблағи муқарраршуда барзиёд пардохт кардааст.
Шахсе соҳиби расиди бонкӣ номида мешавад, ки расиди бонкӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шудааст ва ин шахс маблағи хизматрасониро пардохтаасту аммо барои иштирок дар ИМД худро номнавис накардааст (ба шарти пешниҳоди расиди бонкӣ).
Довталаб шахсест, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ба қайд гирифта шудааст.
Тартиби баргардонидани маблағи пардохта ба соҳибони расиди бонкӣ ва довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30‑юми апрел) худро номнавис кардаанд, чунин аст:
1. Соҳиби расиди бонкӣ, ки маблағи пардохтаашро баргардонидан мехоҳад, бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-1) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи расиди бонкӣ бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба соҳиби расиди бонкӣ (дар зарурат ба хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ) баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи пардохтшуда барои соҳибони расиди бонкӣ, яъне шахсоне, ки расиди бонкӣ дар дасташон аст, маҳдуд карда намешавад.
2. Агар довталаб аз иштирок дар ИМД даст кашад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш на дертар аз муҳлати дар зер нишондодашуда муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирии довталаб бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 25 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 25 сомонии дигар барои хароҷоти азнавбақайдгирӣ боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) ҳафта аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи асосии бақайдгирӣ ва (ё) азнавбақайдгирӣ (то 15-уми май) аст.
3. Агар довталаб бинобар ҳолати аз ӯ вобастанабуда (аз ҷумла ба хизмати ҳарбӣ даъват шудан, бемории вазнин, вафот кардани довталаб) дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва маблағи пардохткардаашро баргардонидан хоҳад, дар ин сурат довталаб ё яке аз шахсони наздикаш бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани маблағи пардохткардааш муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабабе, ки дар ариза баён гардидааст, бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб ё хешованди наздики ӯ баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.
4. Агар довталаби хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1% (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 25 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 25 сомонии дигар барои хароҷоти азнавбақайдгирӣ боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ (то 30-юми июн) аст.
5. Агар довталаб бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавониста, маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 25 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 25 сомонии дигар барои хароҷоти ин марҳала боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ (то 30-юми июн) аст.
6. Агар довталаб аз пардохти тамоми маблағ ё қисме аз он озод бошадумаблағро пурра пардохта, маблағи дахлдорро баргардонидан хоҳад, бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-3) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдори тасдиқкунандаи имтиёз бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохткардаи довталабе, ки ҳуқуқи озод буданро аз пардохти маблағ дорад, 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва аз маблағи пардохткардаи довталабе, ки аз пардохти қисме аз маблағ озод аст, маблағи дахлдори муқарраргардида боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.
7. Агар довталаб маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохта, аммо азнавбақайдгириро нагузашта бошад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-4) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи расиди бонкӣ бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохта 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи пардохтшуда барои чунин довталабон, яъне шахсоне, ки маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтаанду аммо азнавбақайдгириро нагузаштаанд ва расиди бонкӣ дар дасташон аст, маҳдуд карда намешавад.
8. Агар довталаб маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД муқарраршударо барзиёд пардохта, маблағи зиёдатии пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-5) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш муроҷиат намояд.
Ба ариза нусхаи варақаи бақайдгирӣ бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохта миқдоре, ки барои хизматрасонӣ дар ИМД муқаррар шудааст, боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи барзиёд пардохтшуда барои довталабони чунин маблағро барзиёд пардохта маҳдуд карда намешавад.
Вобаста аз ҳар ҳолати муайян Марказ шакли аризаро дар бораи баргардонидани маблағҳои пардохтшуда барои хизматрасонӣ дар ИМД муқаррар карда, нусхаи электронии ҳар яке аз онҳоро дар сомонаи Марказ ҷой додааст. Аз ҷумла, соҳибони расиди бонкӣ (шахсони маблағро пардохткарда, ки аз қайд нагузаштаанд) шакли АБМ‑1-ро, довталабоне (шахсони маблағро пардохткарда ва азқайдгузашта), ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст мекашанд ё бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонанд, шакли АБМ-2-ро, довталабони аз пардохти маблағ ё қисме аз он озод, ки ҳамаи маблағро пардохта, аз қайд гузаштаанд, шакли АБМ-3-ро, довталабоне, ки маблағи азнавбақайдгириро пардохта, худро аз нав номнавис накардаанд, шакли АБМ-4-ро ва довталабоне, ки маблағи барои хизматрасонӣ муқарраршударо барзиёд пардохтаанд, шакли АБМ-5-ро бояд пур кунанд.
Дар ариза оид ба баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бояд маълумоти шахсии аризадиҳанда ва сабаб барои баргардонидани маблағ, имзои аризадиҳанда ва таърихи пешниҳоди ариза қайд гардида, ба он ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдор замима карда шаванд. Дар зарурат чунин аризаро метавонад хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ ё довталаб пешниҳод намояд.
Пешакӣ огоҳ менамоем, ки аз 16‑уми май равандҳои дигари банақшагирифтаи омодагӣ ба имтиҳонҳо (аз ҷумла чоп ва ирсоли даъватномаҳо, нашри маводди имтиҳонӣ, ҷалби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои бехатарӣ) бо дарназардошти шумораи довталабони азқайдгузашта оғоз мегардад ва ин имкон намедиҳад, ки минбаъд маблағҳои пардохтшуда барои довталабоне, ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан мехоҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд, баргардонида шавад.
Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан хоҳад ё барои иштирок дар имтиҳонҳо имконият надошта бошад ва ба Марказ барои бозпас гирифтани маблағи пардохткардааш аз муҳлати муқарраргардида дер муроҷиат намояд, маблағи пардохтшуда, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошти аз довталаб новобаста ва дар асоси ҳуҷҷатҳои асосноккунанда, баргардонида намешавад.