Душанбе, 3-юми майи соли 2024
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки муҳлати давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2024‑ум рӯзи 2‑юми май ба анҷом расид.
Вобаста ба ин, хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраргардида маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшуда ба шахсони зерин дар чунин ҳолатҳо баргардонида мешавад:
- шахси аз расиди бонкӣ дар ИМД истифоданакарда, шахсе, ки маблағи хизматрасониро пардохтаасту аммо барои иштирок дар ИМД худро номнавис накардааст;
- довталабе, ки маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтааст, вале азнавбақайдгириро нагузаштааст;
- довталабе, ки маблағи муқарраршударо барои супоридани имтиҳон дар даври дуюми имтиҳонҳо пардохтааст, вале дар муҳлати муқарраргардида ба Марказ аризаи дахлдорро пешниҳод накардааст;
- довталабе, ки аз иштирок дар ИМД даст кашидааст;
- довталабе, ки дар ИМД бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда иштирок карда наметавонад;
- довталабе, ки хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар ИМД иштирок карда наметавонад;
- довталабе, ки бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар ИМД иштирок намекунад;
- довталабе, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағ барои хизматрасониҳо дар ИМД озод мебошад, вале маблағро қисман, пурра ё барзиёд пардохтааст;
- довталабе, ки маблағро барои хизматрасониҳо дар ИМД барзиёд пардохтааст.
Шахси аз расиди бонкӣ дар ИМД истифоданакарда касе номида мешавад, ки расиди бонкӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шудааст, аммо ӯ барои иштирок дар ИМД худро номнавис накардааст, ё ӯ бо истифода аз расиди бонкии дигар барои иштирок дар ИМД худро номнавис кардааст.
Тартиби баргардонидани маблағи пардохта шахсони аз расиди бонкӣ дар ИМД истифоданакарда ва довталабоне, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 2‑юми май) барои иштирок дар ИМД худро номнавис кардаанд, чунин аст:
1. Шахси аз расиди бонкӣ дар ИМД истифоданакарда, ки маблағи пардохтаашро баргардонидан мехоҳад, бояд ба Марказ ё ба яке аз бахшҳои минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-1) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи расиди бонкӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии бонк ба андозаи 1,0 % барои қабули маблағ ва 0,7 % барои интиқоли он боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба шахси аз расиди бонкӣ дар ИМД истифоданакарда (дар зарурат ба хешованди наздики шахси аз расиди бонкӣ дар ИМД истифоданакарда) баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи пардохтшуда барои шахсони аз расиди бонкӣ дар ИМД истифоданакарда, яъне шахсоне, ки барои иштирок дар ИМД аз қайд нагузаштаанд, маҳдуд карда намешавад.
2. Агар довталаб маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохта, аммо азнавбақайдгириро нагузашта бошад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё ба яке аз бахшҳои минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-1) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи расиди бонкӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохта ҳаққи хизматрасонии бонк ба андозаи 1,0 % барои қабули маблағ ва 0,7 % барои интиқоли он боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи пардохтшуда барои чунин довталабон, яъне шахсоне, ки маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтаанду аммо азнавбақайдгириро нагузаштаанд ва расиди бонкӣ дар дасташон аст, маҳдуд карда намешавад.
3. Агар довталаб аз иштирок дар ИМД даст кашад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё ба яке аз бахшҳои минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш на дертар аз муҳлати дар зер нишондодашуда муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирии довталаб ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии бонк ба андозаи 1,0 % барои қабули маблағ ва 0,7 % барои интиқоли он ва 30 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 30 сомонии дигар барои хароҷоти азнавбақайдгирӣ боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) ҳафта аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи асосии бақайдгирӣ ва (ё) азнавбақайдгирӣ (то 15-уми май) аст.
4. Агар довталаб бинобар ҳолати аз ӯ вобастанабуда (аз ҷумла ба хизмати ҳарбӣ даъват шудан, бемории вазнин, вафот кардани довталаб) дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва маблағи пардохткардаашро баргардонидан хоҳад, дар ин сурат довталаб ё яке аз шахсони наздикаш бояд ба Марказ ё ба яке аз бахшҳои минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани маблағи пардохткардааш муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабабе, ки дар ариза баён гардидааст, бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии бонк ба андозаи 1,0 % барои қабули маблағ ва 0,7 % барои интиқоли он боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб ё хешованди наздики ӯ баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.
5. Агар довталаби хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё ба яке аз бахшҳои минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирии довталаб, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии бонк ба андозаи 1,0 % барои қабули маблағ ва 0,7 % барои интиқоли он, 30 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 30 сомонии дигар барои хароҷоти азнавбақайдгирӣ, 80 сомонӣ барои хароҷоти Марказ дар корҳои омодагию ташкилӣ барои баргузории имтиҳонҳо боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда то оғози имтиҳонҳои даври якум – асосӣ (то 30-юми июн) аст.
6. Агар довталаб бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавониста, маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё ба яке аз бахшҳои минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-2) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирии довталаб, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии бонк ба андозаи 1,0 % барои қабули маблағ ва 0,7 % барои интиқоли он, 30 сомонӣ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин, агар азнавбақайдгириро гузашта бошад, 30 сомонии дигар барои хароҷоти азнавбақайдгирӣ, 80 сомонӣ барои хароҷоти Марказ дар корҳои омодагию ташкилӣ барои баргузории имтиҳонҳо боздошта шуда, маблағи боқимонда дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ (то 30-юми июн) аст.
7. Агар довталаб аз пардохти маблағ озод бошаду маблағи дахлдори пардохтаашро баргардонидан хоҳад, бояд ба Марказ ё ба яке аз бахшҳои минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-3) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдори тасдиқкунандаи имтиёз бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии бонк ба андозаи 1,0 % барои қабули маблағ ва 0,7 % барои интиқоли он боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.
8. Агар довталаб маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД муқарраршударо барзиёд пардохта, маблағи зиёдатии пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё ба яке аз бахшҳои минтақавии он бо ариза (хаттӣ бо истифода аз шакли АБМ-3) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш муроҷиат намояд.
Ба ариза нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда ва ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдори тасдиқкунандаи имтиёз (агар довталаб аз пардохти қисме аз маблағи хизматрасонӣ озод бошад) бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохта миқдори барои хизматрасонӣ дар ИМД муқарраршуда боздошта шуда, маблағи боқимонда бо дарназардошти кам кардани ҳаққи хизматрасонии бонк ба андозаи 1,0 % барои қабули маблағ ва 0,7 % барои интиқоли он дар давоми 1,5 моҳ ба довталаб баргардонида мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи барзиёд пардохтшуда барои довталабони чунин маблағро барзиёд пардохта маҳдуд карда намешавад.
Вобаста аз ҳар ҳолати муайян Марказ шакли аризаро дар бораи баргардонидани маблағҳои пардохтшуда барои хизматрасонӣ дар ИМД муқаррар карда, нусхаи электронии ҳар яке аз онҳоро дар сомонаи Марказ ҷой додааст. Аз ҷумла, шахсони аз расиди бонкӣ дар ИМД истифоданакарда (шахсони маблағро пардохткарда, ки аз қайд нагузаштаанд) ва довталабоне, ки маблағи азнавбақайдгириро пардохта, худро аз нав номнавис накардаанд, шакли АБМ‑1-ро, довталабоне (шахсони маблағро пардохткарда ва азқайдгузашта), ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст мекашанд ё бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонанд, шакли АБМ-2-ро, довталабони аз пардохти маблағ ё қисме аз он озод, ки ҳамаи маблағро пардохта, аз қайд гузаштаанд ва довталабоне, ки маблағи барои хизматрасонӣ муқарраршударо барзиёд пардохтаанд, шакли АБМ-3-ро бояд пур кунанд.
Дар ариза оид ба баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бояд маълумоти шахсии аризадиҳанда ва сабаб барои баргардонидани маблағ, имзои аризадиҳанда ва таърихи пешниҳоди ариза қайд гардида, ба он ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдор замима карда шаванд. Дар зарурат чунин аризаро метавонад хешованди наздики шахси аз расиди бонкӣ дар ИМД истифоданакарда ё довталаб пешниҳод намояд.
Пешакӣ огоҳ менамоем, ки аз 16‑уми май равандҳои дигари банақшагирифтаи омодагӣ ба имтиҳонҳо (аз ҷумла чоп ва ирсоли даъватномаҳо, нашри маводди имтиҳонӣ, ҷалби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои бехатарӣ) бо дарназардошти шумораи довталабони азқайдгузашта оғоз мегардад ва ин имкон намедиҳад, ки минбаъд маблағҳои пардохтшуда барои довталабоне, ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан мехоҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд, баргардонида шавад.
Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан хоҳад ё барои иштирок дар имтиҳонҳо имконият надошта бошад ва ба Марказ барои бозпас гирифтани маблағи пардохткардааш аз муҳлати муқарраргардида дер муроҷиат намояд, маблағи пардохтшуда, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошти аз довталаб новобаста ва дар асоси ҳуҷҷатҳои асосноккунанда, баргардонида намешавад.