Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 24 Ноябри 2023
Диданд: 7709

Душанбе, 24-уми ноябри соли 2023

Имрӯз дар маҷлисгоҳи дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Марказ иштирок карданд. Маҷлиси тантанавӣ бо шунидани Суруди миллӣ оғоз карда шуд.

Маҷлисро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кушода, кормандони Марказро бо иди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Ӯ аз ҷумла, қайд кард, 14 сол аст, ки тоҷикистониён бо шукргузорӣ аз амну ваҳдату офияти кишвар ва бо суруру шодмонӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҳамчун гиромидошти яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷлил мекунанд. Акнун рӯзи таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишварамон ба ҷашни нави миллӣ табдил ёфтааст.

Ин ҷашни нави миллӣ ифтихори давлатдорист, эҳтироми муқаддасоти миллист. Эҳтироми Парчами миллӣ эҳтиром нисбат ба миллат, таърих ва муқаддасоти дигари давлатист. Бо мақсади гиромидошти Парчами миллӣ, ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдорӣ 19-уми ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Таҷлили рӯзи Парчами миллӣ арҷгузорӣ аз муқаддасоти миллӣ, ифтихори давлатдорӣ ва ватандорӣ маҳсуб меёбад.

Мо, тоҷикон ва тоҷикистониёнро мебояд чун фарзандони як Модар-Ватан, оини парчамдорӣ ва ҳисси эҳтиромамонро нисбат ба Парчам – ин нишону рамзи муҳими давлатдорӣ тақвият бахшем, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар боби арҷгузорию эҳтироми муқаддасоти миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва хидмати сазовор ба он ҳамеша дар ёд дошта, сармашқи кори худ намоем.

Сипас дар атрофи ин мавзуъ маърузаи сармутахассисони фанни таърихи Марказ Абдуллоев Р. С. ва Зарифов Н. Ҳ. ироа гардид.

Дар ин маҷлиси тантанавӣ ба чанде аз кормандони Марказ мукофоти соҳавӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳои вазорату идораҳои кишвар низ супорида шуд.

 

 

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон