Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ: ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

Нашр шуд: 30 Июли 2026
Диданд: 462

Душанбе, 30-юми июли соли 2026

30-юми июли соли 2026 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, сармутахассиси раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Шарифзода ва кормандони Марказ иштирок намуданд.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд.

Сипас ҳисоботи директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ дар бораи корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ, нашри маводди иттилоотию методӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тавассути ИМД ба роҳ монда мешавад, бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026, ташкилу баргузории давраҳои якум ва дуюми ИМД 2026, тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, озмунҳо барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», инчунин бурсияҳои таҳсилии давлатҳои хориҷӣ, таҳияи саволномаҳо барои озмуни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиҳонҳои озмоишӣ барои хонандагони синфҳои 11-ум, арзёбии байналмилалии пешрафти саводи хондан – PIRLS ва умуман, оид ба ҳамаи самтҳои фаъолияти Марказ ва дастоварду мушкилоти ҷойдошта дар нимсолаи якуми соли 2026  шунида шуд.

Ҷаъфарзода С. Ф., аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Марказ дар оғози ҳар сол корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ мебошад. Натиҷаи дурусти бақайдгирӣ ва иштироки довталабон дар ИМД, пеш аз ҳама, аз он вобаста аст, ки довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ то кадом андоза бо тартибу қоидаҳои низом, муҳлатҳои бақайдгирӣ, интихоби ихтисосҳо, талаботи имтиҳонсупорӣ ва тартиби иштирок дар озмуни тақсимот шинос карда шудаанд.

Соли 2026 дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ба миқдори 32000 нусха аз ҷумла 30500 нусха ба забони тоҷикӣ ва 1500 нусха ба забони русӣ нашр шуд. Ин дастур барои довталабон яке аз манбаъҳои асосии иттилоот ба шумор рафта, дар он тартиби бақайдгирӣ, интихоби ихтисосҳо, талаботи имтиҳон, меъёрҳои иштирок дар озмуни тақсимот ва дигар маълумоти зарурӣ оварда шудааст. Ҳамчунин, 10 номгӯй маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми А бо теъдоди 227240 нусха ва 4 номгӯй маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми Б бо теъдоди 66150 нусха омода ва нашр карда шуд. Илова бар ин, 4052 нусха барнома ва модули курси шиносоӣ бо низоми ИМД ва 4052 дона диск бо маводди иттилоотию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид. Барои нуқтаҳои бақайдгирӣ низ 4145 маводи дигар ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп карда шуд, – гуфт Ҷаъфарзода С. Ф..

Дар идома сармутахассиси раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Шарифзода ба натиҷаи фаъолияти Марказ баҳои баланд дода, барои беҳбудии бештар бахшидани корҳои Марказ тавсия ва маслиҳатҳо дод. 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври дуюми бақайдгирӣ (тақсимоти такрорӣ)Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври дуюми бақайдгирӣ (тақсимоти такрорӣ)
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2026Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2026
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои иловагӣҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои иловагӣ
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тестҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон