Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБУ ХАТАРНОК ДАР ҶОМЕА

Нашр шуд: 17 Апрели 2025
Диданд: 688

Душанбе, 17-уми апрели соли 2025

17-уми апрели соли 2025 дар маҷлисгоҳи Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба баррасии пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамояд, доир гардид.

Дар ҷаласа, ки намояндаи Агентии мазкур низ ҳузур дошт, кормандони бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ба таври маҷозӣ ва омӯзгорони Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе низ иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит Шодӣ ва сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Баҳрулло оид ба хавфу хатарҳои коррупсия ва пешгирию бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ суханронӣ намуданд.

Муовини якуми директори Марказ Шодиниё А. Ш., дар суханронии худ таъкид намуд, ки коррупсия мушкилоти мубраму шадиди замони муосир гашта, хатар ба амнияти миллату давлат дорад. Муқовимат бо коррупсия дар кишварҳои дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври густурда роҳандозӣ карда шудааст. Аз ҷумлаи роҳҳои муқовимат ба коррупсия гузаронидани корҳои профилактикию фаҳмондадиҳи миёни кормандон ва сахттару шадидтар кардани ҷавобгарӣ мебошад.

Сипас сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Баҳрулло суханронӣ намуда, зикр кард, ки моддаи 22-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” як қатор монеаҳоро муайян намудааст, ки дар мавриди мавҷуд будани ин монеаҳо, шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъйин ё интихоб шавад. Дар идома Файзуллозода Б. таъкид намуд, ки барои таъмини иҷрои сиёсати давлатии зиддикоррупсионии кишвар пеш аз ҳама, таҳти назорати қатъӣ қарор додани рафти таъмини иҷрои меъёрҳои қонунгузорӣ дар ин самт, инчунин, ташкил ва амалӣ намудани мониторинги барномаҳои давлатӣ нақши муҳим дорад. Зеро, танҳо дар сурати пурзӯр намудани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, метавон ба ҳадафҳои стратегии давлат дар самти муқовимат ба коррупсия расид.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон