Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

КОРМАНДОНИ ММТ БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Нашр шуд: 03 Сентябри 2021
Диданд: 1773

Душанбе, 2‑юми сентябри соли 2021 

2 сентябри соли 2021 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар доираи он якчанд кормандони Марказ бо мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Дар чорабинии мазкур Насриддинзода Эмомалӣ - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Оқилзода Нурулло мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Хуршед Икромӣ - директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони Марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Хуршед Икромӣ, директори Марказ ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, иброз дошт, ки кормандони Марказ аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бархӯрдор буда, талош меварзанд, ки содиқонаву софдилона зери сиёсати маорифпарваронаю инсондӯстона ва сулҳҷӯёнаи Президенти кишвар ба халқу Ватан хизмат намоянд.

Насриддинзода Эмомалӣ, ҳамаи кормандони Маркази миллии тестиро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили Ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлолияти давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонидани шаҳрвандон нишони олии қадрдонӣ аз заҳмату талошҳои онҳо баҳри пойдории Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Марказ таваҷҷуҳи махсус дошта, ҳамеша барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар ин соҳа дастуру ҳидоятҳо медиҳанд.

Ҳамин тавр тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шодиев Мирзошариф Сафарович – сардори шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, Мирзоаминзода Хайрулло Мирзораҳим – сардори шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд медали “Хизмати шоиста” ва ба Шодиниё Абдулбосит Шодӣ – ёвари директори Маркази миллии тестӣ Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақдим гардид.

Дар охир бо мукофотҳои давлатӣ шарафёбшудагон бо эҳсоси ифтихору шодмонӣ аз ин таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон