Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДУЮМИ ДОВТАЛАБОН

Нашр шуд: 18 Сентябри 2015
Диданд: 1210

ЭЪЛОН

ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДУЮМИ ДОВТАЛАБОН

Душанбе, 18-уми сентябри соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки ба озмунҳои тақсимоти асосӣ ва такрории довталабон роҳ ёфта буданду лекин дар озмунҳои мазкур аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, мерасонад, ки тибқи ҷойҳои дар ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии дар зер номбаршуда баъд аз тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2015 холимонда бори дигар тақсимоти такрории довталабон доир мегардад. Дар тақсимоти такрории дуюм барои ҷойҳои пас аз тақсимоти асосӣ ва такрорӣ дар ихтиосҳои муассисаҳои таълимии зерин холимонда гузаронида мешавад:

- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (барои гурӯҳҳои шартномавии шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои равияҳои табиатшиносию риёзӣ, тиббию фармасевтӣ ва гуманитарӣ);

- Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон (гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавии ихтисосҳои дахлдор);

- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (гурӯҳҳои шартномавии ихтисосҳои дахлдор);

- Донишгоҳи давлатии Данғара (ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ);

- Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ихтисосҳои санъати тасвирӣ (нақшакашӣ), дизайни графикӣ, вебдизайн ва графикаи компютерӣ, меъмории манзаравӣ);

- Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (гурӯҳҳои шартномавии ихтисосҳои дахлдор);

- Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе (гурӯҳҳои шартномавии ихтисосҳои дахлдор);

- Филиали Донишкадаи пулод ва хӯлаи Москва дар шаҳри Душанбе (гурӯҳҳои шартномавии ихтисосҳои дахлдор).

Хотиррасон менамоем, нафарони зерин ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрории дуюмро надоранд:

- довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд;

- довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ ва ё такрорӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузаштаанд;

- довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ ва такрорӣ муваффақ нагардида, ба ин ё он муассисаи таълимии шомили низоми ИМД набуда ё муассисаи таълимии хориҷи кишвар аллакай дохил шудаанд.

Бо мақсади иштирок дар тақсимоти такрории дуюм довталаб бояд аз нав аз қайд гузарад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар нуқтаи азнавбақайдгирии ҷойгир дар Марказ ҳозир шуда, расид (квитансия), аттестат (ё диплом), шиноснома ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватномашро ба бақайдгиранда пешниҳод намояд.

Ёдрас менамоем, ки қабули маблағ, ки барои иштирок дар тақсимоти такрории дуюм 18 сомонӣ муқаррар гардидааст, бевосита дар Марказ ба роҳ монда шуда, ятимони кулл ва бепарасторон аз пардохти маблағ озоданд. Азнавбақайдгирӣ рӯзҳои 18‑ум, 19‑ум, 21-ум ва 22-юми сентябр баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории дуюм, ки дар асоси натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон доир мегардад, 23‑юми сентябр эълон карда мешаванд.

Тақсимоти такрории дуюм мувофиқи ихтисосҳое баргузор карда мешавад, ки дар онҳо баъд аз тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷойҳои холӣ мондааст. Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холиро, ки барои тақсимоти такрории дуюм пешниҳод гардидаанд, аз нуқтаи азнавбақайдгирӣ дар Марказ дастрас намоед. Вобаста ба ин, ҳар як довталаб имкон дорад, ки ихтисосҳои мехостаашро пешакӣ интихоб намояд.

Тақсимоти такрории дуюм барои довталабони дахлдори гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 1-ум, 2-юм, 3‑юм, 4-ум ва 5‑ум дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и интихобкардаашон доир карда мешавад. Яъне, ҳар як довталаб ихтисосҳои дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи кластери қаблан интихобнамудааш метавонад интихоб намояд.

Довталабоне, ки аз субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус холҳои гузаришро соҳиб шуда, аз субтестҳои қисми Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро ба даст наовардаанд ё дар имтиҳони қисми мазкур иштирок накардаанд, метавонанд дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и интихобкардаашон дар сурати мавҷуд будан танҳо ихтисосҳои дорои ҷойҳои холиеро интихоб намоянд, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро талаб менамоянд.

Тақсимоти такрории дуюм барои довталабони дахлдори гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 1‑ум, 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5‑ум дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳояшон (балҳои бадастовардаашон) аз субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (агар ихтисос супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб мекарда бошад) гузаронида мешавад.

Бори дигар ба ҳамаи довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ ва такрорӣ муваффақ нагардидаанд ва хоҳиши иштирок дар озмуни тақсимоти такрории дуюмро доранд, муроҷиат менамоем, ки ҳангоми интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил ба шитобкорӣ роҳ надода, онҳоро дуруст ва мувофиқи донишу қобилият ва имкониятҳояшон интихоб намоянд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон