Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

КОНФЕРЕНСИЯИ ХХХIII ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Нашр шуд: 24 Сентябри 2024
Диданд: 1350

Душанбе, 24-уми сентябри соли 2024

Санаи 24-уми сентябри соли ҷорӣ, дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ХХХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод, Қурбонзода Убайдулло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қодирзода Руслан Раҷаб, Маликшо Неъматзода – аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Маликзода Парвина - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода Сумангул - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон – Файзализода Ҷумахон Хол, вакилони Конференсия аз Кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони Васоити ахбории оммаи нашрияҳои ҳизбиву давлатӣ иштирок намуданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло кори Конференсияро кушода эълон намуда, ҳайати кории Раёсати Конференсияро интихоб намуданд. Рӯзномаи Конференсияи XXXIII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рӯйи масъалаҳои зерин: ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи XXI ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва масъалаҳои ҷорӣ тасдиқ карда шуд.

Мувофиқи масъалаи якуми рӯзномаи Конфренсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Зимни ҳисобот гуфта шуд, ки тайи дувуним соли гузашта, ҳизбиёни ноҳия самти кории худро асосан барои расидан ба мақсадҳои наҷиби ватандорӣ ва татбиқи муҳимтарин барномаву нақша ва қарорҳои қабулгардида равона намуданд. Дар давоми дувуним соли гузашта баҳри тарғибу ташвиқи Паёми Президенти кишвар, иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ҳадафҳои оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳоро андешида, беш аз 5670 мулоқоту вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба фарогирии 120 ҳазор сокинону шаҳрвандон баргузор карданд, ки дар муқоиса ба давраи гузашта 2365 суҳбату вохӯрӣ зиёд аст. Ҳамзамон бо ин, ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ зиёда аз 3655 чорабинӣ, барномаи фарҳангию фароғатӣ, хонишҳои сиёсӣ ва конфренсияҳову мизҳои мудаввар ташкил ва баргузор карда шуданд, ки ба тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандон мусоидат кард. Дар баробар ин, ташкилотҳои ибтидоиро зарур аст, ки дар робита ба маъаракаи сиёсии дарпешистода корҳои тарғиботиву ташвиқотро миёни аҳли ҷомеа таҳкиму тақвият бахшанд. Дар воқеъ, имрӯз иттилоот ба як ҷузъи муҳими тамоми самту бахшҳои фаъолияти сохторӣ ба шумор меравад. Дар ин давра, кор дар сомонаву шабакаҳои иҷтимої низ пурзур гардида, дар онҳо зиёда 5748 мақола, 4250 хабару гузориш ва 877 адад видеоролик инъкос ва нашр карда шуданд.

Дар дувуним соли сипаришуда бо бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ҳизб зиёд гардида, мутобиқи нишондодҳои оморӣ теъдоди кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ 215 адад ва шумораи аъзои ҳизб 19436 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 7841 – нафар занон ва 8531 нафарро ҷавонон ташкил медиҳад. Дар ин давра 30 адад ташкилоти ибтидоӣ таъсис ёфта, 3909 нафар аъзои нави сифатнок қабул гардид. Дар музокира Мирзозода Иброҳим Холмурод – раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Неъматзода Маликшо - аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Қодирзода Руслан Раҷаб - раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғаниев Рустам Ғафурович - вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ломоносов” ва Маҳмадшарифзода Дилрабо – вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бонувон” баромад намуда, ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-ро дар давраи ҳисоботӣ мусбат арзёбӣ намуданд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи Конфренсия ҳисоботи Раиси комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба фаъолияти молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳабибов Саидмуртазо шунида шуд.
Тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи Конфренсия, мутобиқи банди 4.11. Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳайати 47 нафар интихоб карда шуд.

Мувофиқи баррасии масъалаи чоруми рузнома аъзои Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иборат аз 5 нафар интихоб гардид.
Дар идома тибқи масъалаи панҷуми рузномаи Конференсия Дар бораи интихоби вакилон ба Конференсияи XXI ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, мувофиқи он ҳайати вакилон ба Конференсияи XXI ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мутобиқи меъёри муқарраргардида, иборат аз 75 нафар, тасдиқ ва пешбарӣ гардид.

Ҳамзамон пас аз баррасии масъалаҳои Конференсияи ХХХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлиси нахустини ҳайати нави аъзои Кумита баргузор гардид. Дар нахустмаҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 масъала баррасӣ гардид.

Якум оид ба интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъалаҳои ташкилӣ.

Тибқи баррасии масъалаи якум аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳайати 13 нафар интихоб гардида, ҳамзамон тибқи масъалаи дигари рузномаи маҷлиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб гардид.

Дар фарҷом як қатор фаъолони ҳизбӣ аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо ҳамин ҳамаи масъалаҳои Конференсияи XXXIII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон