КОЭФФИТСИЕНТҲОИ ПЕШБИНИШУДА БАРОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ВОБАСТА АЗ НИШОНДИҲАНДАИ ТАЪМИНОТАШОН БО ТАБИБОН
ВА КОРМАНДОНИ МИЁНАИ ТИБ
Душанбе, 9-уми июли соли 2020
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо, вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб, коэффитсиентҳо муқаррар кардааст, ки ҳангоми дохилшавии довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рӯйи ихтисоси «Кори момодоягӣ» татбиқ мегардад.
Дар ҷадвали 1 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо табибон ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар ҷадвали 2 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо момодояҳо ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба коллеҷҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси “Кори момодоягӣ” барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Дар ҳар ду ҷадвал бо мақсади муқоиса коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 300 бали имконпазири ҳадди аксар тибқи тарҳи пешин ва аз рӯйи 500 бали имконпазири ҳадди аксар тибқи тарҳи нав оварда шудааст.
Тавре ки маълум аст, тибқи тарҳи пешин (куҳна)-и маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ду қисми имтиҳони тавассути Марказ гузаронидашаванда – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) пешбинӣ гардида буд, ки коэффитсиент ба бали аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабе илова карда мешуд, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, довталаб дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) ба 300 баробар буд.
Тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои довталабони мазкур тавассути Марказ танҳо як қисми имтиҳон – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) гузаронида мешавад, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ин қисм ба 500 баробар аст.
Вобаста ба ин, тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ коэффитсиент ба бали аз қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) бадастовардаи довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбиро дар як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда хатм карда бошаду сокини шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда бошад, ба бали аз қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) бадастовардаи ӯ коэффитсиенти муқарраршудаи шаҳр ё ноҳияе, ки ӯ дар он истиқомат мекунад, илова карда мешавад.
Масалан, агар довталаб, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии ноҳияи Файзобод (коэффитсиенти муқарраршуда тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои он – 1,03) буда, дар ҳамин ноҳия истиқомат мекунад, аз қисми А ба 400 бал (яъне, 80 % аз 500 бали имконпазири ҳадди аксар) соҳиб шуда бошад, бали умумияш бо илова шудани коэффитсиент ба он 412 мешавад. Ба ибораи дигар, бали умумӣ бо дарназардошти коэффитсиент (шартан – БУК) ба ҳосили зарби бали бадастоварда аз қисми А (шартан – ББА) ба коэффитсиенти пешбинишуда (шартан – КП) баробар аст. Чунончи:
БУК = ББА × КП,
БУК = 400 × 1,03 = 412.
Тибқи ҳисоби боло бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб (шартан – БК) 12 аст. Яъне:
БК = БУК ₋ ББА,
БК = 412 ₋ 400 = 12.
Агар ҳолати дар боло зикргардидаро, ки тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонист, бо дарназардошти тарҳи пешин (куҳна)-и маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ таҳлил намоем, низ бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб ба 12 мегардад. Яъне, агар довталаби мавриди назари мо аз 300 бали имконпазири ҳадди аксари қисми Б (имтиҳони ихтисос) 80 %-ашро ба даст оварда бошад, ки ин ба 240 баробар аст, бо дарназардошти коэффитсиенти муқарраршуда, ки тибқи тарҳи пешини маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ 1,05 аст, бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб боз ба 12 баробар мешавад.
Чунончи:
БУК = ББА × КП,
БУК = 240 × 1,05 = 252,
БК = 252 ₋ 240 = 12.
Ҳамин тариқ, мувофиқати коэффитсиентҳо тибқи тарҳи пешини маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ва тарҳи нав чунин аст:
Р.т. |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 300 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи пешин) |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 500 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи нав) |
1 |
1,05 |
1,03 |
2 |
1,1 |
1,06 |
3 |
1,15 |
1,09 |
Коэффитсиент ба бали аз қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) бадастовардаи довталаб тибқи тартиби муқарраргардида баъди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро бомуваффақият супориданаш (танҳо дар сурати аз ҳамаи субтестҳои қисми мазкур холҳои гузаришро соҳиб шудани довталаб) илова карда мешавад.
Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб гаштанро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ дошта бошад, азбаски балҳои имтиёзии муқарраршуда аз бали коэффитсиент бештар аст, ба бали бадастовардааш бали имтиёзӣ илова карда мешавад.
Лозим ба қайд аст, ки коэффитсиентҳо ҳангоми қабул ба ҷойҳои буҷетии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ҷойҳои буҷетии ихтисоси «Кори момодоягӣ»-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ татбиқ мегардад.
Довталабе, ки ҳуқуқи соҳиб шуданро ба коэффитсиент дорад, дар ҳолати аз ягон субтест холи гузаришро соҳиб нашуданаш, ин ҳуқуқро аз даст дода, дар озмуни тақсимот низ иштирок карда наметавонад.
Барои шиносоӣ ҷадвали коэффитсиентҳои шаҳру ноҳияҳои дахлдор пешниҳод мегардад.
Ҷадвали 1. Ҷадвали коэффитсиентҳои шаҳру ноҳияҳои дахлдор вобаста ба ҷойҳои буҷетии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
Р.т. |
Шаҳр/ноҳия |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 300 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи пешин) |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 500 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи нав) |
1 |
н. Балҷувон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
2 |
н. Варзоб |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
3 |
н. Данғара |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
4 |
н. Деваштич |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
5 |
н. Ёвон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
6 |
н. Зафаробод |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
7 |
н. Ишкошим |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
8 |
н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
9 |
н. Рӯдакӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
10 |
н. Файзобод |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
11 |
н. Фархор |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
12 |
н. Хуросон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
13 |
н. Ҷайҳун |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
14 |
н. Ҷалолиддини Балхӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
15 |
н. Шамсиддин Шоҳин |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
16 |
н. Шаҳритус |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
17 |
н. Шуғнон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
18 |
н. Абдураҳмони Ҷомӣ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
19 |
н. Вахш |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
20 |
н. Восеъ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
21 |
н. Лахш |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
22 |
н. Муъминобод |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
23 |
н. Нуробод |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
24 |
н. Роштқалъа |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
25 |
н. Темурмалик |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
26 |
н. Ховалинг |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
27 |
н. Дарвоз |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
28 |
н. Кӯҳистони Мастчоҳ |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
29 |
н. Кӯшониён |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
30 |
н. Қубодиён |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
31 |
н. Мурғоб |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
32 |
н. Носири Хусрав |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
33 |
н. Рашт |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
34 |
н. Рӯшон |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
35 |
н. Тоҷикобод |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
36 |
ш. Кӯлоб |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
Ҷадвали 2. Ҷадвали коэффитсиентҳои шаҳру ноҳияҳои дахлдор вобаста ба ҷойҳои буҷетии коллеҷҳои тиббӣ барои ихтисоси “Кори момодоягӣ”
Р.т. |
Шаҳр/ноҳия |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 300 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи пешин) |
Коэффитсиенти пешбинишуда аз рӯйи 500 бали имконпазири ҳадди аксар (тибқи тарҳи нав) |
1 |
н. Ашт |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
2 |
н. Бобоҷон Ғафуров |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
3 |
н. Вахш |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
4 |
н. Восеъ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
5 |
н. Деваштич |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
6 |
н. Дӯстӣ |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
7 |
н. Зафаробод |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
8 |
н. Роштқалъа |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
9 |
н. Рӯшон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
10 |
н. Тоҷикобод |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
11 |
н. Фархор |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
12 |
ш. Бӯстон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
13 |
ш. Гулистон |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
14 |
ш. Душанбе |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
15 |
ш. Истаравшан |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
16 |
ш. Исфара |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
17 |
ш. Конибодом |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
18 |
ш. Кӯлоб |
1,05 (то 15 бал) |
1,03 (то 15 бал) |
19 |
н. Абдураҳмони Ҷомӣ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
20 |
н. Айнӣ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
21 |
н. Истиқлол |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
22 |
н. Кӯшониён |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
23 |
н. Қубодиён |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
24 |
н. Мастчоҳ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
25 |
н. Муъминобод |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
26 |
н. Рашт |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
27 |
н. Сангвор |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
28 |
н. Спитамен |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
29 |
н. Ҷаббор Расулов |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
30 |
н. Ҷайҳун |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
31 |
н. Ҷаллолиддини Балхӣ |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
32 |
ш. Ваҳдат |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
33 |
ш. Ҳисор |
1,1 (то 30 бал) |
1,06 (то 30 бал) |
34 |
н. Варзоб |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
35 |
н. Данғара |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
36 |
н. Ёвон |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
37 |
н. Кӯҳистони Мастчоҳ |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
38 |
н. Левакант |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
39 |
н. Носири Хусрав |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
40 |
н. Нуробод |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
41 |
н. Рӯдакӣ |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
42 |
н. Темурмалик |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
43 |
н. Файзобод |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
44 |
н. Ховалинг |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
45 |
н. Хуросон |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
46 |
н. Шаҳринав |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
47 |
ш. Норак |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
48 |
ш. Панҷакент |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
49 |
ш. Роғун |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |
50 |
ш. Турсунзода |
1,15 (то 45 бал) |
1,09 (то 45 бал) |