Душанбе, 24-уми июни соли 2024
Ба таваҷҷуҳи довталабони ихтисосҳои самти тибро интихобкарда расонида мешавад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо, вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб, коэффитсиентҳо муқаррар кардааст, ки ҳангоми дохилшавии довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рӯйи ихтисоси «Кори момодоягӣ» татбиқ мегардад.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи банди 214-и Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 188 тасдиқ шудааст, барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо табибон барои 10 000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,04, аз 6 то 9 нафар коэффитсиенти 1,03 ва аз 9 то 11 нафар коэффитсиенти 1,02 муқаррар мешавад. Барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо кормандони миёнаи тиб – мутахассисон аз рӯйи ихтисоси кори момодоягӣ барои 10 000 нафар аҳолӣ аз 4 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,04, аз 4 то 6 нафар коэффитсиенти 1,03 ва аз 6 то 8 нафар коэффитсиенти 1,02 муқаррар мешавад.
Инчунин, тибқи 217-и тартиби мазкур коэффитсиент ба балли аз қисми А бадастовардаи довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда бошаду сокини шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда бошад, ба балли аз қисми А бадастовардаи ӯ коэффитсиенти муқарраршудаи шаҳр ё ноҳияе, ки ӯ дар он истиқомат мекунад, илова карда мешавад.
Вобаста ба ин, дар ҷадвали 1 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо табибон ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар ҷадвали 2 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо момодояҳо ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба коллеҷҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси “Кори момодоягӣ” барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки ки тибқи тарҳи ҷории маҷмуи фанҳои имтиҳонӣ барои довталабони мазкур тавассути Марказ танҳо як қисми имтиҳон – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) гузаронида мешавад, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ин қисм ба 500 баробар аст.
Бали умумии бадастовардаи довталаби дахлдор бо дарназардошти коэффитсиенти ноҳиявӣ бо зарб задани қимати коэффитсиенти муқарраршуда ба бали умумии аз 4 субтест бадастовардаи ӯ ҳисоб карда мешавад. Масалан, агар довталаб, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии ноҳияи Вахш (коэффитсиенти муқарраршуда барои он – 1,04) буда, дар ҳамин ноҳия истиқомат мекунад, аз қисми А ба 350 бал соҳиб шуда бошад, бали умумияш бо илова шудани коэффитсиент ба он 364 мешавад. Ба ибораи дигар, бали умумӣ бо дарназардошти коэффитсиент (шартан – БУК) ба ҳосили зарби бали бадастоварда аз қисми А (шартан – ББА) ба коэффитсиенти пешбинишуда (шартан – КП) баробар аст. Чунончи:
БУК = ББА × КП,
БУК = 350 × 1,04 = 364.
Тибқи ҳисоби боло бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб (шартан – БК) 14 аст. Яъне:
БК = БУК - ББА,
БК = 364 - 350 = 14.
Коэффитсиент ба балли аз қисми А бадастовардаи довталаб ба шарти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро бомуваффақият супурданаш, яъне танҳо дар сурати аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шудани довталаб, илова карда мешавад.
Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб гаштанро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ дошта бошад, азбаски балҳои имтиёзии муқарраршуда аз бали коэффитсиент бештар аст, ба бали бадастовардааш бали имтиёзӣ илова карда мешавад.
Лозим ба қайд аст, ки коэффитсиентҳо ҳангоми қабул ба ҷойҳои буҷетии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ҷойҳои буҷетии ихтисоси «Кори момодоягӣ»-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ татбиқ мегардад.
Довталабе, ки ҳуқуқи соҳиб шуданро ба коэффитсиент дорад, дар ҳолати аз ягон субтест холи гузаришро соҳиб нашуданаш, ин ҳуқуқро аз даст дода, дар озмуни тақсимот низ иштирок карда наметавонад.
Барои шиносоӣ ҷадвали коэффитсиентҳои шаҳру ноҳияҳои дахлдор пешниҳод мегардад.
Ҷадвали 1.
Р/т |
Минтақаҳо |
Нишондиҳандаи таъминот бо табибон барои 10000 нафар аҳолӣ |
Коэффитсиенти пешбинишуда |
1 |
н. Вахш |
4,3 |
1,04 |
2 |
ш. Кӯлоб |
5,1 |
1,04 |
3 |
н. Кӯшониён |
6,1 |
1,03 |
4 |
н. Нуробод |
6,7 |
1,03 |
5 |
н. Тоҷикобод |
7,9 |
1,03 |
6 |
н. Хуросон |
8,2 |
1,03 |
7 |
н. Восеъ |
8,2 |
1,03 |
8 |
н. Муъминобод |
7,0 |
1,03 |
9 |
н. Темурмалик |
8,6 |
1,03 |
10 |
н. Файзобод |
8,6 |
1,03 |
11 |
н. Дӯстӣ |
8,5 |
1,03 |
12 |
н. Қубодиён |
6,8 |
1,03 |
13 |
н. Абдураҳмони Ҷомӣ |
8,3 |
1,03 |
14 |
н. Ҷайҳун |
8,9 |
1,03 |
15 |
н. Шаҳритус |
8,3 |
1,03 |
16 |
н. Шамсиддини Шоҳин |
8,8 |
1,03 |
17 |
н. Носири Хусрав |
7,6 |
1,03 |
18 |
н. Роштқалъа |
7,1 |
1,03 |
19 |
н. Варзоб |
10,1 |
1,02 |
20 |
ш. Ҳисор |
11,0 |
1,02 |
21 |
н. Лахш |
9,2 |
1,02 |
22 |
н. Рӯдакӣ |
9,3 |
1,02 |
23 |
ш. Истиқлол |
9,5 |
1,02 |
24 |
н. Айнӣ |
9,8 |
1,02 |
25 |
н. Данғара |
9,3 |
1,02 |
26 |
н. Ҷ. Балхӣ |
9,9 |
1,02 |
27 |
н. Ховалинг |
9,9 |
1,02 |
28 |
н. Фархор |
10,5 |
1,02 |
29 |
н. Зафаробод |
10,9 |
1,02 |
30 |
н. Деваштич |
10,0 |
1,02 |
31 |
н. Панҷ |
10,3 |
1,02 |
32 |
н. Ишкошим |
9,1 |
1,02 |
33 |
н. Шуғнон |
9,1 |
1,02 |
Ҷадвали 2.
Р/т |
Минтақаҳо |
Нишондиҳандаи таъминот бо табибон барои 10000 нафар аҳолӣ |
Коэффитсиенти пешбинишуда |
1 |
ш. Роғун |
0,9 |
1,04 |
2 |
н. Варзоб |
2,8 |
1,04 |
3 |
н. Рашт |
3,3 |
1,04 |
4 |
н. Рӯдакӣ |
1,3 |
1,04 |
5 |
н. Сангвор |
3,9 |
1,04 |
6 |
н. Тоҷикобод |
1,2 |
1,04 |
7 |
н. Хуросон |
3,4 |
1,04 |
8 |
н. Қубодиён |
3,1 |
1,04 |
9 |
н. Ёвон |
3,2 |
1,04 |
10 |
н. Восеъ |
3,8 |
1,04 |
11 |
н. Данғара |
2,5 |
1,04 |
12 |
н. Ховалинг |
2,5 |
1,04 |
13 |
н. Балҷувон |
3,6 |
1,04 |
14 |
н. Роштқалъа |
3,2 |
1,04 |
15 |
н. Левакант |
2,4 |
1,03 |
16 |
ш. Ваҳдат |
5,1 |
1,03 |
17 |
ш. Ҳисор |
4,4 |
1,03 |
18 |
н. Нуробод |
4,2 |
1,03 |
19 |
н. Шаҳринав |
5,4 |
1,03 |
20 |
ш. Истиқлол |
4,8 |
1,03 |
21 |
ш. Гулистон |
5,3 |
1,03 |
22 |
ш. Бӯстон |
5,9 |
1,03 |
23 |
н. Айнӣ |
4,8 |
1,03 |
24 |
н. Мастчоҳ |
5,0 |
1,03 |
25 |
н. Спитамен |
5,1 |
1,03 |
26 |
ш. Панҷакент |
4,0 |
1,03 |
27 |
н. Ҷаббор Расулов |
4,4 |
1,03 |
28 |
ш. Истаравшан |
5,1 |
1,03 |
29 |
н. Кӯҳистони Мастчоҳ |
4,4 |
1,03 |
30 |
ш. Норак |
4,4 |
1,03 |
31 |
н. Вахш |
5,5 |
1,03 |
32 |
н. Дустӣ |
5,9 |
1,03 |
33 |
н. Ҷалолиддини Балхӣ |
5,8 |
1,03 |
34 |
н. Абдураҳмони Ҷомӣ |
4,5 |
1,03 |
35 |
н. Ҷайҳун |
5,4 |
1,03 |
36 |
н. Муъминобод |
5,2 |
1,03 |
37 |
н. Н. Хусрав |
4,8 |
1,03 |
38 |
н. Темурмалик |
6,1 |
1,03 |
39 |
н. Лахш |
7,0 |
1,02 |
40 |
ш. Турсунзода |
6,7 |
1,02 |
41 |
н. Файзобод |
7,0 |
1,02 |
42 |
н. Деваштич |
7,5 |
1,02 |
43 |
н. Зафаробод |
7,6 |
1,02 |
44 |
н. Б. Ғафуров |
6,5 |
1,02 |
45 |
ш. Исфара |
6,5 |
1,02 |
46 |
н. Ашт |
7,6 |
1,02 |
47 |
н. Кӯшониён |
6,3 |
1,02 |
48 |
н. Шаҳритус |
7,2 |
1,02 |
49 |
н. Фархор |
7,9 |
1,02 |