Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

КОЭФФИТСИЕНТҲОИ ПЕШБИНИШУДА БАРОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ВОБАСТА АЗ НИШОНДИҲАНДАИ ТАЪМИНОТАШОН БО ТАБИБОН ВА КОРМАНДОНИ МИЁНАИ ТИБ

Нашр шуд: 20 Июли 2023
Диданд: 6983

Душанбе, 20-уми июли соли 2023

Ба таваҷҷуҳи довталабони ихтисосҳои самти тибро интихобкарда расонида мешавад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо, вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб, коэффитсиентҳо муқаррар кардааст, ки ҳангоми дохилшавии довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рӯйи ихтисоси «Кори момодоягӣ» татбиқ мегардад.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи банди 214-и Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  29 апрели соли 2023, №188 тасдиқ шудааст, барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо табибон барои 10000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,04, аз 6 то 9 нафар коэффитсиенти 1,03 ва аз 9 то 11 нафар коэффитсиенти 1,02 муқаррар мешавад. Барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо кормандони миёнаи тиб – мутахассисон аз рӯйи ихтисоси кори момодоягӣ барои 10000 нафар аҳолӣ аз 4 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,04, аз 4 то 6 нафар коэффитсиенти 1,03 ва аз 6 то 8 нафар коэффитсиенти 1,02 муқаррар мешавад.

Инчунин, тибқи 217-и тартиби мазкур коэффитсиент ба балли аз қисми А бадастовардаи довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда бошаду сокини шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда бошад, ба балли аз қисми А бадастовардаи ӯ коэффитсиенти муқарраршудаи шаҳр ё ноҳияе, ки ӯ дар он истиқомат мекунад, илова карда мешавад.

Вобаста ба ин, дар ҷадвали 1 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо табибон ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар ҷадвали 2 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо момодояҳо ба довталабони ин шаҳру ноҳияҳо ҳангоми дохил шудан ба коллеҷҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси “Кори момодоягӣ” барои ҷойҳои буҷетӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки ки тибқи тарҳи ҷории маҷмуи фанҳои имтиҳонӣ барои довталабони мазкур тавассути Марказ танҳо як қисми имтиҳон – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) гузаронида мешавад, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ин қисм ба 500 баробар аст.

Бали умумии бадастовардаи довталаби дахлдор бо дарназардошти коэффитсиенти ноҳиявӣ бо зарб задани қимати коэффитсиенти муқарраршуда ба бали умумии аз 4 субтест бадастовардаи ӯ ҳисоб карда мешавад. Масалан, агар довталаб, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии ноҳияи Вахш (коэффитсиенти муқарраршуда барои он – 1,04) буда, дар ҳамин ноҳия истиқомат мекунад, аз қисми А ба 350 бал соҳиб шуда бошад, бали умумияш бо илова шудани коэффитсиент ба он 364 мешавад. Ба ибораи дигар, бали умумӣ бо дарназардошти коэффитсиент (шартан – БУК) ба ҳосили зарби бали бадастоварда аз қисми А (шартан – ББА) ба коэффитсиенти пешбинишуда (шартан – КП) баробар аст. Чунончи:

БУК = ББА × КП,

БУК = 350 × 1,04 = 364.

Тибқи ҳисоби боло бали танҳо аз ҳисоби коэффитсиент гирифтаи довталаб (шартан – БК) 31,5 аст. Яъне:

БК = БУК ₋ ББА,

БК = 364 ₋ 350 = 14.

Коэффитсиент ба балли аз қисми А бадастовардаи довталаб ба шарти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро бомуваффақият супурданаш, яъне танҳо дар сурати аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шудани довталаб, илова карда мешавад

Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб гаштанро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ дошта бошад, азбаски балҳои имтиёзии муқарраршуда аз бали коэффитсиент бештар аст, ба бали бадастовардааш бали имтиёзӣ илова карда мешавад.

Лозим ба қайд аст, ки коэффитсиентҳо ҳангоми қабул ба ҷойҳои буҷетии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ҷойҳои буҷетии ихтисоси «Кори момодоягӣ»-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ татбиқ мегардад.

Довталабе, ки ҳуқуқи соҳиб шуданро ба коэффитсиент дорад, дар ҳолати аз ягон субтест холи гузаришро соҳиб нашуданаш, ин ҳуқуқро аз даст дода, дар озмуни тақсимот низ иштирок карда наметавонад.

Барои шиносоӣ ҷадвали коэффитсиентҳои шаҳру ноҳияҳои дахлдор пешниҳод мегардад.

Ҷадвали 1. 

Р/т

Минтақаҳо

Нишондиҳандаи таъминот бо табибон барои 10000 нафар аҳолӣ

Коэффитсиенти пешбинишуда

1

н. Вахш

4,7

1,04

2

н. Кӯшониён

5,2

1,04

3

ш. Кӯлоб

5,3

1,04

4

н. Нуробод

7,9

1,03

5

н. Тоҷикобод

8,6

1,03

6

н. Хуросон

8,8

1,03

7

н. Восеъ

8,2

1,03

8

н. Данғара

9,0

1,03

9

н. Муъминобод

7,5

1,03

10   

н. Темурмалик

8,5

1,03

11   

н. Роштқалъа

7,5

1,03

12   

н. Варзоб

9,4

1,02

13   

н. Рашт

9,3

1,02

14   

н. Лахш

10,5

1,02

15   

н. Рӯдакӣ

9,6

1,02

16   

н. Файзобод

9,4

1,02

17   

н. Айнӣ

10,5

1,02

18   

н. Деваштич

10,3

1,02

19   

н. Дӯстӣ

10,2

1,02

20   

н. Қубодиён

10,4

1,02

21   

н. Абдураҳмони Ҷомӣ

9,4

1,02

22   

н. Ҷайҳун

9,3

1,02

23   

н. Панҷ

10,8

1,02

24   

н. Шаҳритус

10,4

1,02

25   

н. Ховалинг

9,4

1,02

26   

н. Шамсиддини Шоҳин

10,2

1,02

27   

н. Носири Хусрав

9,1

1,02

28   

н. Ишкошим

10,1

1,02

29   

н. Шуғнон

9,6

1,02

Ҷадвали 2.

Р/т

Минтақаҳо

Нишондиҳандаи таъминот бо табибон барои 10000 нафар аҳолӣ

Коэффитсиенти пешбинишуда

1

ш. Роғун

0,9

1,04

2

н. Варзоб

2,1

1,04

3

н. Рашт

3,3

1,04

4

ш. Ваҳдат

3,2

1,04

5

н. Рӯдакӣ

1,3

1,04

6

н. Сангвор

4,0

1,04

7

н. Тоҷикобод

1,2

1,04

8

ш. Истиқлол

3,7

1,04

9

ш. Панҷакент

3,5

1,04

10

н. Кӯҳистони Мастчоҳ

3,7

1,04

11

н. Хуросон

3,9

1,04

12

н. Ёвон

3,6

1,04

13

н. Данғара

3,3

1,04

14

н. Ховалинг

2,4

1,04

15

н. Роштқалъа

3,6

1,04

16

ш. Ҳисор

4,5

1,03

17

н. Нуробод

5,9

1,03

18

ш. Турсунзода

4,3

1,03

19

н. Файзобод

5,8

1,03

20

н. Шаҳринав

4,8

1,03

21

ш. Гулистон

5,4

1,03

22

ш. Бӯстон

5,7

1,03

23

н. Ашт

5,2

1,03

24

н. Айнӣ

4,6

1,03

25

н. Мастчоҳ

4,6

1,03

26

н. Спитамен

5,1

1,03

27

н. Ҷаббор Расулов

4,3

1,03

28

ш. Истаравшан

4,4

1,03

29

ш. Норак

4,2

1,03

30

н. Қубодиён

5,0

1,03

31

н. Кӯшониён

4,5

1,03

32

н. Абдураҳмони Ҷомӣ

4,4

1,03

33

н. Ҷайҳун

5,2

1,03

34

н. Муъминобод

5,1

1,03

35

н. Темурмалик

6,0

1,03

36

н. Левакант

4,4

1,03

37

н. Н. Хусрав

4,7

1,03

38

н. Лахш

7,5

1,02

39

н. Деваштич

8,0

1,02

40

н. Зафаробод

7,6

1,02

41

ш. Исфара

7,1

1,02

42

н. Б. Ғафуров

7,5

1,02

43

н. Вахш

6,2

1,02

44

н. Дустӣ

7,0

1,02

45

н. Ҷалолиддини Балхӣ

6,7

1,02

46

н. Шаҳритус

7,5

1,02

47

н. Восеъ

7,5

1,02

48

н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

7,4

1,02

49

н. Фархор

6,2

1,02

50

н. Балҷувон

6,4

1,02

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон