ЭЪЛОН
КОЭФФИТСИЕНТҲОИ ПЕШБИНИШУДА БАРОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ВОБАСТА АЗ НИШОНДИҲАНДАИ ТАЪМИНОТАШОН БО ТАБИБОН ВА КОРМАНДОНИ МИЁНАИ ТИБ
Душанбе, 10-уми июли соли 2015
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб коэффитсиентҳоро муқаррар намуд.
Барои иттилооти муфассал ба шумо ду ҷадвал пешниҳод мегардад.
Дар ҷадвали 1 ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо табибон ба довталабони онҳо ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино коэффитсиент пешбинӣ шудааст.
Ҷадвали 1.
Ноҳия |
Нишондиҳандаи таъминот барои 10000 аҳолӣ |
Коэффитсиенти пешбинишуда |
н. Балҷувон |
5,5 |
1,15 |
н. Н. Хусрав |
5,0 |
1,15 |
н. Кӯлоб |
5,9 |
1,15 |
н. Бохтар |
5,3 |
1,15 |
н. Роштқалъа |
5,1 |
1,15 |
н. Темурмалик |
6,6 |
1,1 |
н. Вахш |
7,1 |
1,1 |
н. Нуробод |
6,2 |
1,1 |
н. Ховалинг |
7,5 |
1,1 |
н. Ҷиргатол |
8,6 |
1,1 |
н. Кӯҳистони Мастчоҳ |
8,3 |
1,1 |
н. Муъминобод |
7,2 |
1,1 |
н. Восеъ |
8,0 |
1,1 |
н. Ёвон |
8,3 |
1,1 |
н. А. Ҷомӣ |
8,4 |
1,1 |
н. Шуғнон |
8,9 |
1,1 |
н. Рашт |
10,9 |
1,05 |
н. Данғара |
9,7 |
1,05 |
н. Ғончӣ |
10,5 |
1,05 |
н. Ҳамадонӣ |
11,0 |
1,05 |
н. Сарбанд |
10,9 |
1,05 |
н. Шаҳритус |
10,7 |
1,05 |
н. Шӯрообод |
11,0 |
1,05 |
н. Қубодиён |
9,2 |
1,05 |
н. Қумсангир |
10,5 |
1,05 |
н. Мурғоб |
11,1 |
1,05 |
н. Айнӣ |
11,1 |
1,05 |
Дар ҷадвали 2 шаҳру ноҳияҳое номбар шудаанд, ки вобаста ба нишондиҳандаи таъминоташон бо момодояҳо ба довталабони онҳо ҳангоми дохил шудан ба коллеҷҳои тиббӣ коэффитсиент пешбинӣ шудааст.
Ҷадвали 2.
Шаҳр/ноҳия |
Нишондиҳандаи таъминот барои 10000 аҳолӣ |
Коэффитсиенти пешбинишуда |
н. Роғун |
1,5 |
1,15 |
н. Варзоб |
3,9 |
1,15 |
н. Рашт |
2,8 |
1,15 |
н. Нуробод |
2,9 |
1,15 |
ш. Ваҳдат |
3,4 |
1,15 |
н. Рӯдакӣ |
1,5 |
1,15 |
н. Шаҳринав |
2,3 |
1,15 |
ш. Истиқлол |
3,1 |
1,15 |
н. Мастчоҳ |
3,3 |
1,15 |
н. Спитамен |
3,4 |
1,15 |
ш. Панҷакент |
3,1 |
1,15 |
н. Кӯҳистони Мастчоҳ |
3,5 |
1,15 |
ш. Норак |
3,4 |
1,15 |
н. Хуросон |
3,0 |
1,15 |
н. Бохтар |
3,8 |
1,15 |
н. А. Ҷомӣ |
3,1 |
1,15 |
н. Қумсангир |
3,4 |
1,15 |
н. Ёвон |
2,0 |
1,15 |
н. Данғара |
1,3 |
1,15 |
н. Муъминобод |
2,7 |
1,15 |
н. Темурмалик |
3,3 |
1,15 |
н. Ховалинг |
2,4 |
1,15 |
ш. Сарбанд |
3,2 |
1,15 |
н. Ҳисор |
4,6 |
1,1 |
н. Тавилдара |
4,7 |
1,1 |
н. Тоҷикобод |
4,6 |
1,1 |
ш. Турсунзода |
4,8 |
1,1 |
н. Ашт |
5,7 |
1,1 |
н. Айнӣ |
5,9 |
1,1 |
н. Ғончӣ |
5,2 |
1,1 |
н. Зафаробод |
4,3 |
1,1 |
н. Ҷ. Расулов |
4,7 |
1,1 |
ш. Истаравшан |
5,8 |
1,1 |
н. Ҷилликул |
4,5 |
1,1 |
н. Қубодиён |
4,1 |
1,1 |
н. Ҷ. Румӣ |
4,8 |
1,1 |
н. Вахш |
5,7 |
1,1 |
н. Шаҳритус |
5,4 |
1,1 |
н. Восеъ |
6,1 |
1,1 |
н. Фархор |
5,4 |
1,1 |
н. Шӯрообод |
6,0 |
1,1 |
н. Кӯлоб |
5,9 |
1,1 |
н. Н. Хусрав |
5,0 |
1,1 |
ш. Хоруғ |
5,2 |
1,1 |
ш. Қайроққум |
7,3 |
1,05 |
н. Ҷиргатол |
7,1 |
1,05 |
ш. Чкалов |
7,7 |
1,05 |
н. Файзобод |
6,4 |
1,05 |
ш. Исфара |
6,7 |
1,05 |
н. Б. Ғафуров |
7,2 |
1,05 |
н. Панҷ |
7,9 |
1,05 |
н. Ҳамадонӣ |
6,6 |
1,05 |
н. Балҷувон |
7,0 |
1,05 |
Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраргардида коэффитсиент ба натиҷаи имтиҳони довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё таҳсилоти миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё таҳсилоти миёнаи касбиро дар як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда хатм карда бошаду дар шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда истиқомат мекарда бошад, ба натиҷаи аз имтиҳон бадастовардаи ӯ коэффитсиенти шаҳр ё ноҳияи дар он истиқомат мекардааш илова карда мешавад.
Коэффитсиентҳо ба натиҷаҳои аз имтиҳони қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабони дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ба даст овардани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои фанҳои имтиҳонӣ) илова карда мешавад.
Агар довталаб ҳуқуқ дошта бошад, ки ба натиҷаи аз имтиҳонҳо бадастовардааш коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ илова карда шавад, дар сурати зиёд будани бали имтиёзияш аз бали коэффитсиент ба натиҷаҳои бадастовардааш бали имтиёзӣ ва дар акси ҳол, бали коэффитсиент илова карда мешавад.