ХОЛҲОИ ГУЗАРИШИ ФАННӢ ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2020
Душанбе, 18-уми июли соли 2020
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми июли соли 2020, № 1878 холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо) аз ҳар субтести қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар соли 2020 ба даст овардани онҳо зарур аст, муқаррар гардиданд.
Дар ҷадвали 1-ум холҳои гузариш аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва дар ҷадвали 2-юм холҳои гузариш аз субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум) вобаста аз ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо нишон дода шудаанд.
1. Холҳои гузариш аз субтестҳои қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)
Р.т. |
Гурӯҳи ихтисосҳо |
Субтест |
Холи гузариш |
1 |
Табиӣ ва техникӣ |
Забони тоҷикӣ |
6 |
Математика |
3 |
||
Химия |
3 |
||
Физика |
3 |
||
2 |
Иқтисод ва география |
Забони тоҷикӣ |
6 |
Математика |
3 |
||
География |
3 |
||
Забони хориҷӣ* |
3 |
||
3 |
Филология, педагогика ва санъат |
Забони тоҷикӣ |
6 |
Таърих |
7 |
||
Адабиёти тоҷик/забон ва адабиёти рус/забон ва адабиёти ӯзбек |
8 |
||
Забони хориҷӣ* |
4 |
||
4 |
Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
Забони тоҷикӣ |
6 |
Таърих |
11 |
||
Ҳуқуқ |
12 |
||
Забони хориҷӣ* |
4 |
||
5 |
Тиб, биология ва варзиш |
Забони тоҷикӣ |
6 |
Биология |
5 |
||
Химия |
6 |
||
Физика |
5 |
* Забони англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ.
2. Холҳои гузариш аз субтестҳои қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум) дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)
Р.т. |
Гурӯҳи ихтисосҳо |
Субтест |
Холи гузариш |
1 |
Табиӣ ва техникӣ |
Забони тоҷикӣ |
5 |
Математика |
3 |
||
Физика |
3 |
||
2 |
Иқтисод ва география |
Забони тоҷикӣ |
5 |
Математика |
3 |
||
География |
3 |
||
3 |
Филология, педагогика ва санъат |
Забони тоҷикӣ |
5 |
Адабиёти тоҷик/забони русӣ |
3 |
||
Забони хориҷӣ* |
3 |
||
4 |
Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ |
Забони тоҷикӣ |
5 |
Таърих |
3 |
||
Забони хориҷӣ* |
3 |
||
5 |
Тиб, биология ва варзиш |
Забони тоҷикӣ |
5 |
Биология |
7 |
||
Химия |
6 |
* Забони англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ.
Холи гузариш барои қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), новобаста аз ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои мазкурро талабкунанда ва муассисаҳои таълимӣ, бо шарти супоридани ҳамаи санҷишҳои тибқи ин қисм пешбинигардида 40 хол муқаррар карда шудааст. Яъне, ба озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда танҳо довталабоне роҳ меёбанд, ки ҳамаи санҷишҳои тибқи ин қисм пешбинигардидаро супорида, на кам аз 40 холро (ҷамъи холҳо аз ҳамаи санҷишҳо) ба даст овардаанд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, ки ИМД дар соли ҷорӣ мувофиқи он ба роҳ монда шуд, барои роҳ ёфтан ба тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
- танҳо қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шавад.
Соҳиб шудан ба холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳо ва қисмҳои дахлдор – роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталаб ё гузаштани ӯро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад. Тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш гузаштан ё нагузаштани довталабро танҳо натиҷаҳои озмуни тақсимот муайян мекунад.
Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд. Инчунин, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми Б соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд.
Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисми А, супоридани қисми В ё қисми Г-ро талаб кунаду довталаб аз ин қисми имтиҳонҳо (В ё Г) холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту аммо аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро ба даст овардааст, ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад). Агар довталаб аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошаду вале аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро ба даст оварда бошад, ӯ ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад).