Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ХОЛҲОИ ГУЗАРИШИ ФАННӢ ВА ОЗМУН

Нашр шуд: 03 Августи 2014
Диданд: 1228

Душанбе, 03 августи соли 2014

Ҳамзамон хотиррасон менамоем, ки масъалаи гузаштан ба ин ё он ихтисос дар баробари холҳои гузариши фаннӣ ва умуман баллҳои гирифтаи довталаб, инчунин аз теъдоди умумии довталабони ҳар як ихтисос ва миқдори ҷойҳои нақшавии ихтисос вобастагӣ дошта, дар сурати аз миқдори ҷойҳои нақшавии ихтисос зиёд будани довталабон, тибқи тартиб дар асоси озмун дар навбати аввал довталабони дорои баллҳои калонтарин ба ихтисос тақсим карда мешаванд, яъне ба тартиби аз балли болотарин ба поён. Ҳамин тавр, гирифтани холҳои гузариши фаннӣ маънои тақсим шудан маҳз ба ихтисоси якум ё дуюм ё сеюм ё дигари интихобшударо надорад.

Барои мисол, дар як ихтисоси якуми интихобнамудаи довталаби шартӣ тибқи нақша шартан 20 ҷой ҷудо шудаасту теъдоди довталабони шартан дар он бақайдгирифта, ки холҳои гузариши фанниро ба даст овардаанд, 50 нафаранд. Дар ин сурат аввалан 20 нафари дорои баллҳои баландтарин ба ихтисоси мазкур тақсим карда мешаванд. Дар баробари ин, ихтисоси мазкур метавонад, ки барои ҳамин 20 нафар интихоби таҳти рақамҳои гуногун бошад. Агар довталаби шартӣ дар доираи 20 нафари баллҳои калонтаринро ноилгардида бошад, пас бевосита ба интихоби якуми худ тақсим карда мешавад. Дар ғайри ин ҳолат, ҳар як ихтисоси баъдии довталаби шартӣ ба тартиби боло санҷида шуда, дар сурати мувофиқат кардан ва гузаштан аз озмун довталаб ба яке аз ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқан тақсим карда мешавад. Дар ҳолати нагузаштан аз озмуни ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкарда довталаби шартӣ новобаста аз гирифтани холҳои гузариши фаннӣ ҳуқуқи қабул шудан ба ихтисосҳои интихобкардаашро аз даст медиҳад.

Ёдрас менамоем, ки тибқи тартиби нав дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ,  математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Довталабони хоҳишманде, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони умумии қисми А ва имтиҳони ихтисоси қисми Б ба даст овардаанду лекин аз озмуни ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкарда нагузаштаанд, метавонанд барои озмуни ҷойҳои холии ихтисосҳо аз нав сабти ном шуда, дар он иштирок намоянд.

Тақсимоти довталабон бо назардошти баллҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути Системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад.

Аз довталабон хоҳиш менамоем, ки аз ҳуҷраҳои инфиродии худ барои дарёфт намудани иттилооти зарурӣ дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ва баъдан дар бораи натиҷаҳои тақсимот истифода намоянд. Дар сурати фаромӯш кардани рамзи ҳуҷраи инфиродӣ, рақами назоратӣ ва ё дилхоҳ мушикили дигар дар робита бо ҳуҷраи инфиродӣ довталаб метавонад ба марказ муроҷиат намояд. 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон