Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ХАЙРУ САХО – АМАЛИ НАҶИБИ ИНСОНӢ

Нашр шуд: 13 Апрели 2023
Диданд: 1695

Душанбе, 13-уми апрели соли 2023

Дастгирии ятиму бепарасторон, маъюбону фақирон дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад, ки инро Раиси Ҳукумат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрию суханрониҳояшон бо аҳли ҷомеа қайд карда, дигаронро низ пайваста барои дастгирии ин қишри ҷомеа ва ёрӣ ба онҳо таъкид мекунанд.

Дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаю хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 06.03.2023, № 26/10-111 дар бобати аёдат ва ёрӣ ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва аскарону сарбозон дар моҳи рамазон намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директори Марказ Шодиниё А. Ш. бо кормандони муассисаи таълимӣ-истеҳсолии нобиноёни шаҳри Душанбе вохӯрда, ба онҳо ёрии моддӣ расониданд. Кормандони муассисаи мазкур, тавре ки аз номаш бармеояд, нобиноёнанд ва ба гурӯҳи маъюбони гурӯҳҳои якуму дуюм мансубанд.

Шодиниё А. Ш. зимни вохӯрӣ ва суҳбат бо аҳли ин корхона аз сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар нисбат ба табақаҳои ниёзманд, ятимон ва маъюбон ёдовар шуда, таъкид кард, ки ин қишри ҷомеа таҳти ғамхории ҳамаҷонибаи  Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат қарор гирифта, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ меёбанд. Дастгирию ёрии ниёзмандон як нишони одамият, бахусус як хислати шоистаи халқи тоҷик аст, тавре ки Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад”.

Кормандони муассисаи таълимӣ-истеҳсолии нобиноёни шаҳри Душанбе бо миннатдорӣ аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сахову дастгириҳояшон изҳори сипос карданд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон