Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ИЗҲОРОТИ МАХСУС

Нашр шуд: 16 Июли 2014
Диданд: 980

Душанбе, 16 июли соли 2014

ИЗҲОРОТИ МАХСУСИ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии амалҳои қаллобӣ ва фиреб додани падару модарон ва довталабон дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои 

таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои қаллобӣ ва фиреб додани падару модарон дар масъалаи дохил намудани фарзандони онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз тарафи шахсони гуногун, ки даст ба чунин амалҳои номатлуб мезананд, изҳори нигаронӣ менамояд.

Тавре маълум шуд, чунин амали қаллобӣ аз ҷониби омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Холиқова Гулчеҳра, ки барои ба донишгоҳи мазкур дохил кардани фарзанди як сокини ноҳияи Зафаробод беш аз 11 ҳазор доллар талаб кардааст, ошкор гардид. Бояд таъкид намоем, ки чунин шахсони қаллоб барои амалӣ намудани ниятҳои нопок аз номҳои бардурӯғ ва сохтакорона, ки гӯё “дар Маркази миллии тестӣ кор мекунанд” ва ё бовар мекунонанд, ки бо “ин” ё “он” корманди марказ ҳамкорӣ доранд, ба обрӯ ва эътибори Маркази миллии тестӣ таъсири манфӣ расонида, боварии ҷомеаро нисбати низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ коста менамоянд.

Дар ин замина, бо тамоми масъулият ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор менамоем, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, имконияти дахолати беруна ва тақаллуб аз байн бардошта, ба ҳар гуна  амалҳои номатлуб ва беадолатиҳо дар низоми дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ хотима бахшида мешавад.

Тавре худи омӯзгорон, падару модарон, довталабон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар алоқамандон бевосита шоҳид буданд, имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ аз 1 то 11 июли соли 2014 дар доираи қисми А “имтиҳони умумӣ” ва қисми Б “имтиҳони ихтисос” гузаронида шуда, ҷараёни имтиҳонҳо қариб дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назорати видеоӣ аз ҷониби нафарони мазкур мушоҳида гардид, ки онҳо ин иқдомро баланд арзёбӣ намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамин тариқ, чуноне ки борҳо таъкид карда будем, раванди ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо бо назардошти чораҳои бехатарии пешбинигардида ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани назорату идораи онҳо шаффофу одилона ва бе қоидавайронкуниҳо гузаронида шуданд. Инчунин, коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ тавассути барномаҳои компютерӣ амалӣ мегардад ва бовар мекунонем, ки бо назардошти тартиби таъмини бехатарии иттилоот ва махфияти пешбинигардида расонидани ягон намуди ёрӣ ба довталаб имконнопазир аст.

Аз ин рӯ, аз падару модарон хоҳиш менамоем, ки ба ҳар гуна шахсоне, ки оид ба расонидани ёрӣ дар дохилшавии фарзандонашон ваъда медиҳанд, бовар накунанд. Чунки иҷрои чунин ваъда ва кафолатҳо аз ҷиҳати дастрасӣ ва техникию технологӣ аз имкон берун аст, ин танҳо қаллобӣ ва амалҳои коррупсионӣ асту халос.

Хусусан ба довталабони дорои донишу қобилиятҳои кофӣ мерасонем, ки фирефтаи чунин нафарони қаллоб нашаванд, зеро, боз ҳам таъкид менамоем, ки донишу қобилиятҳои онҳо ба таври воқеӣ баҳогузорӣ шуда, ҳатман ба сафи донишҷӯён қабул карда хоҳанд шуд.

Аз ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки иқдоми неки пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таҷдиди имтиҳонҳои қабули донишҷӯён дастгирӣ намоянд ва дар роҳандозии низом ва шаффофу одилона гузаронидани имтиҳонҳо саҳмгузор буда, дар ҳолати пайдо гардидани чунин амалҳои номатлуб бо телефонҳои боварӣ ба мо иттилоъ диҳанд ва дар пешгирию аз байн бурдани ришваю фасод дар ин самт бетараф набошанд.

Танҳо дониш метавонад кафили муваффақияти довталаб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ гардад!

 

Телефонҳои боварӣ: 224-53-66, 224-53-67

 

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 июли соли 2014

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон