Душанбе, 17-уми июли соли 2023
17-уми июли соли 2023 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он ҳисобот оид ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 шунида шуд.
Дар ҷаласа мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид ва кормандони дастгоҳи асосии Марказ иштирок намуданд.
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ҷаласаро оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти Марказ дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳисобот дод. Дар ҳисобот оид ба ҳамаи самту ҷанбаҳои фаъолияти Марказ бо таҳлилу қиёсгузориҳо дар соли 2023 маълумоти муфассал дода, ҳамчунин камбудиву мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳои дарпешистодаро зикр кард.
Сипас мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур оид ба ҳисоботи ироашуда изҳори назар ва қаноатмандиашро аз фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда қайд кард. Ӯ, бахусус матлабҳои оморию таҳлилиеро, ки Марказ дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти марбут мефиристад, шоёни тавсиф номида, гуфт, ки чунин маводду матолиб барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ низ мусоидат хоҳад кард. Ӯ изҳор дошт, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Марказ барои рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва беҳбуду такмили низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бояд бештар кӯшид.
Чанде аз аҳли ҷаласа музокира ва оид ба маърузаи ҳисоботӣ ибрози андеша карданд.