Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҲИСОБОТИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «РОҲНАМОИ ДОВТАЛАБ» АЗ МОҲИ ИЮНИ СОЛИ 2022 ТО МОҲИ ИЮНИ СОЛИ 2023

Нашр шуд: 18 Июли 2023
Диданд: 4366

Душанбе, 18-уми июли соли 2023

18-уми июли соли 2023 ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Роҳнамои довталаб» ҷаласаи ҷамъбастӣ-ҳисоботии худро доир кард. Маҷлис дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, масъалаи асосиаш натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли ҳисоботӣ буд.

Дар ҷаласа Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзид. Раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Роҳнамои довталаб», директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ба кори маҷлис оғоз бахшида, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб» дар соли ҳисоботӣ маъруза хонд.

Ҷаъфарзода С. Ф. дар маърузааш, аз ҷумла қайд кард, ки ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро дар соли сипаришуда дар асоси Оиннома, Барнома, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, вазифаҳояшро, бахусус дар робита ба ташвиқу тарғиби ғояҳои оинномавии ҳизб ва ҳадафҳои идеологии он муваффақона ба анҷом расонидааст. Теъдоди аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз як давраи ҳисоботӣ то давраи дигар меафзояд.

Мавсуф тазаккур дод, ки минбаъд низ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб» дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои кори хеш қарор дода, дар иҷрои вазифаҳояш саъю талош хоҳад варзид.

Дар ҷаласа, инчунин вазифаҳои навбатӣ барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардида, нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли оянда бо назардошти пешниҳоду таклифҳо тасдиқ карда шуд.

Пиромуни масъалаҳои баррасишуда чанде аз ҳозирин – аъзои ҲХДТ ибрози андеша карданд.

Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Роҳнамои довталаб» ва раиси он Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ барои фаъолияти пурсамарашон изҳори ташаккур карда, онро қаноатбахш ва гузашта аз ин, шоистаи таҳсин ва намунаи ибрати ташкилотҳои ҳизбии дигар шуморида, ҳамагонро барои ҷаҳду талошҳои бештар баҳри иҷрои ғояву аҳдофи ҲХДТ даъват кард.

Дар фарҷоми ҷаласа 2 нафар аз ҷумлаи кормандони ҳайати асосии Марказ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон