Душанбе, 22-юми майи соли 2023
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007, №225 роҳбарият ва кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми майи соли 2023 дар дави миллӣ иштирок карданд.
Ин сабқати миллӣ ҳамасола бо иштироки вазорату идораҳои давлатӣ баргузор мегардад. Иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш, тарғиби варзиш дар байни омма ва ҷалби кормандони вазорату идораҳо ба варзиш роҳандозӣ мешавад.
Кормандони Марказ низ, дар баробари фаъолияти соҳавии худ, ба тарғиби варзиш, ҳамчун як омили ҳаёти солим, эътибори ҷиддӣ медиҳанд, ки иштирокашон бо либосҳои ягона дар ин ҳаракати миллӣ, аз ҷумла гувоҳи он аст.