Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Имтиҳони иловагии махсус барои довталабони филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе

Нашр шуд: 28 Майи 2015
Диданд: 1041

Душанбе, 28-уми майи соли 2015

Ба диққати довталабоне, ки ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо интихоб кардаанд, расонида мешавад, ки дар асоси муроҷиати ректори донишгоҳи мазкур В. А. Садовничий ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нигоҳ доштани тартиби пешинаи қабули донишҷӯён ба филиали донишгоҳ бо назардошти Қонуни Федералии Федератсияи Россия “Дар бораи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург” дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ дода шуд, ки довталабони филиали ин донишгоҳ, дар баробари имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД), дар филиали зикршуда имтиҳони иловагии махсусро супоранд.

Лозим ба қайд аст, ки мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия “Дар бораи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург” ба донишгоҳҳои зикршуда ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳангоми қабул барои таълим аз рӯйи барномаҳои бакалавриат ва барномаҳои омода кардани мутахассисон аз рӯйи равияҳои таълим (ихтисосҳо), ки ин донишгоҳҳо муайян менамоянд, санҷишҳои иловагии равияи тахассусӣ доир намоянд.

Бинобар ин, довталабони барои иштирок дар ИМД-2015 азқайдгузашта ва ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо интихобкарда, ки хоҳиши дохил шудан аз рӯйи ихтисосҳои филиалро доранд, бояд имтиҳони иловагии махсус супоранд. Барои супоридани имтиҳони иловагии махсус довталабонро зарур аст, ки аз 1‑ум то 25‑уми июли соли 2015 ба комиссияи қабули филиали донишгоҳи зикршуда муроҷиат намуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд. Мақсади бақайдгирӣ дар пойгоҳи додаҳои ягонаи довталабони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ворид кардани маълумоти зарурӣ дар бораи довталабони филиали он дар шаҳри Душанбе аст.

Барои бақайдгирӣ довталаб бояд:

- ариза;

- 6 дона расми 3х4 см;

- маълумотномаи тиббии шакли № 086/У;

- аттестат ё диплом (нусха);

- шиноснома (нусха);

- шаҳодатномаи ҳарбиро пешниҳод намояд.

Тибқи тартиби мувофиқашуда ба имтиҳонҳои иловагии махсуси филиали донишгоҳ мегузаронда танҳо довталабоне роҳ дода мешаванд, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ҳамаи субтестҳои дахлдор холҳои гузаришро ба даст оварда, аз қайди филиали донишгоҳ гузаштаанд. Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва имтиҳонҳои иловагии махсус аз рӯйи ин ё он ихтисоси филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе қабул мешаванд, бояд дар хусуси даст кашидан аз иштирок дар озмуни тақсимот дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз рӯйи ихтисосҳои дар дигар муассисаҳои таълимӣ интихобкардаашон ариза пешниҳод намоянд.

Довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ҳамаи субтестҳои дахлдор холҳои гузаришро ба даст овардаанду лекин аз имтиҳонҳои иловагии махсус ё бақайдгирии филиал нагузаштаанд, барои иштирок дар озмуни тақсимот ба дигар муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон ҳуқуқ доранд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон