Душанбе, 19 июни соли 2013 – Тайи 5 рӯз аст, ки супоридани имтиҳонҳои Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 маркази имтиҳонӣ бо муваффақият баргузор гашта истодааст. Аллакай, 3700 нафар хонандагон тибқи ҷадвали имтиҳонҳо ва вобаста ба кластерҳо дар имтиҳонҳои тести умумӣ ва кори хаттӣ (эссе) иштирок намуданд. Шурӯъ аз 20 июни соли ҷорӣ имтиҳонҳои тести тахассусӣ оғоз меёбад, ки ҳар як хонанда вобаста ба тахассусҳои интихобкардааш аз фанҳои асосӣ имтиҳон месупорад.