Душанбе, 23-уми январи соли 2015
Дар соли 2015 ба довталаб имконият дода шудааст, ки то 12 ихтисосро бо назардошти муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил чунин интихоб намояд:
Вобаста ба шакли таҳсил:
- танҳо аз рӯйи шакли таҳсили рӯзона;
- танҳо аз рӯйи шакли таҳсили ғоибона;
- танҳо аз рӯйи шакли таҳсили шабона;
- аз рӯйи шаклҳои гуногуни таҳсил;
Вобаста ба намуди таҳсил:
- танҳо аз рӯйи намуди таҳсили ройгон;
- танҳо аз рӯйи намуди таҳсили пулакӣ;
- аз рӯйи ҳам намуди таҳсили ройгон ва ҳам намуди таҳсили пулакӣ;
Вобаста ба муассисаи таълимӣ:
- танҳо аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- танҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- ҳам аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳам аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ.
Довталаб наметавонад забони таҳсилро дар вақти бақайдгирӣ мушаххас нишон диҳад, зеро тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил баъди гузаштан аз озмуни тақсимот муассисаҳои таълимӣ мувофиқи балҳои бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд.
Бақайдгирии довталабон новобаста аз муассисаи таълимӣ (донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо), шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона ва шабона) ва намуди таҳсил (ройгон ва пулакӣ) дар як вақт мегузарад.