Душанбе, 3-юми сентябри соли 2024
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки Марказ барои беҳтару оснтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ барои довталабон ва иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” минбаъд пардохти маблағи хизматрасониро дар ИМД тавассути Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата” бо истифодаи барномаи мобилии “Эсхата онлайн” қабул менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки қаблан маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД танҳо тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва барномаи мобилии “Амонат мобайл” қабул карда мешуд.
Дар айни замон довталабон имкон доранд, ки маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”, инчунин Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата”: барномаи мобилии “Эсхата онлайн” пардохт намояд.
Дар барои масъалаҳои марбут ба ИМД метавон тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат карда, маълумот гирифт.
Шахсоне, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз он озоданд, ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.