Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ИҶОЗАТ БАРОИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНИ КОМЁБШУДАИ ДАР МУҲЛАТИ МУҚАРРАРГАРДИДА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ҲОЗИРНАШУДА ВА ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОНИ БА ОЗМУН РОҲЁФТАИ КОМЁБНАГАРДИДА

Нашр шуд: 01 Сентябри 2022
Диданд: 1804

Душанбе, 1‑уми сентябри соли 2022

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои ИМД-2022 дар озмуни тақсимоти асосӣ (25‑уми июл) ё такрорӣ (19‑уми август) комёб шуда, лекин дар муҳлати муқарраргардида дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир шуда натавонистаанд, расонида мешавад, ки Марказ тибқи розигии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин довталабон ҷиҳати ҳуҷҷатсупорӣ ва қабул шуданашон дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо комёб гардидаанд, ё ихтисосҳои дигари ба онҳо монанд иҷозат медиҳад.

Тибқи розигии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи намуди ройгони таҳсил комёбшуда дар сурати мавҷуд будани ҷойи холӣ дар ихтисоси дахлдор аз рӯйи намуди ройгони таҳсил ва дар ғайри ин сурат аз рӯйи намуди пулакии таҳсил ба ҳамин ихтисос ё ихтисоси ба он монанд иҷозат дода мешавад.

Инчунин, тибқи розигии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ тақсимоти довталабони ба озмун роҳёфтаи комёбнагардидаро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ бо додани маълумотнома ба роҳ мемонад.

Вобаста ба ин, довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ ё такрорӣ комёбшудаи дар муҳлати муқарраргардида дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозирнашуда, ки хоҳиши қабул шуданро дар ин муассисаҳо доранд, бояд ба Марказ дар ин бора ариза пешниҳод намоянд. Инчунин, довталабони ба озмун роҳёфтаи комёбнагардида, ки хоҳиши дохил шуданро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доранд, метавонанд ба Марказ дар ин бора ариза пешниҳод намоянд. Шакли аризаро, ки Марказ омода кардааст, аз Марказ ё яке аз бахшҳои минтақавии он метавон дасрас кард.

Таваҷҷуҳ! Муҳлати пешниҳоди чунин аризаҳо то 5-уми сентябри соли 2022 аст. Қабули аризаҳо дар бинои дафтари асосии Марказ ва бахшҳои минтақавии он дар шаҳру ноҳияҳо, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, ба роҳ монда мешавад. Ҳолати дар муассисаи таълимӣ ҳозир шудан ё нашудани довталаби дар яке аз озмунҳо комёбгардида, ки ба Марказ ариза додааст, аз рӯйи варақаи рӯйхати тақсимот, ки ин муассисаҳо бо имзоҳои довталабони дар онҳо ҳозиршуда ба Марказ пешниҳод кардаанд, санҷида мешавад. Вобаста ба ин, аризаҳои довталабоне, ки тибқи варақаҳои рӯйхатҳои тақсимот дар муассисаҳои таълимӣ ҳозиршуда қайд гардидаанд, рад карда мешаванд.

 

Нишонии бинои дафтари асосии Марказ ва бахшҳои минтақавии он

1. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 224-53-67, 224-53-66.

2. Хоруғ –бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);

- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.

3. Хуҷанд – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));

- телефон: 915-98-00-49.

4. Панҷакент – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;

- телефон: 915-63-51-00, 917-06-10-05.

5. Бохтар – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35;

- телефон: 777-07-77-26, 935-44-95-05.

6. Кӯлоб – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;

- телефон: 915-57-90-77, 985-01-82-09.

7. Данғара – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;

- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.

8. Рашт – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;

- телефон: 919-18-86-78, 911-11-07-43.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон