Душанбе, 1-уми августи соли 2024
1-уми августи соли 2024 ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии худро доир кард. Маҷлис дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, масъалаи асосиаш натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар давоми як соли гузашта буд.
Дар ҷаласа Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзид. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб», директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, ба кори маҷлис оғоз бахшида, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб» дар соли ҳисоботӣ маъруза кард.
Ҷаъфарзода Сабзалӣ қайд кард, ки ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро дар соли сипаришуда дар асоси Оиннома, Барнома, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, вазифаҳояшро, бахусус дар робита
ба ташвиқу тарғиби ғояҳои оинномавии ҳизб ва ҳадафҳои идеологии он, муваффақона ба анҷом расонидааст. Теъдоди аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз як давраи ҳисоботӣ то давраи дигар меафзояд.
Мавсуф тазаккур дод, ки минбаъд низ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб» дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои кори хеш қарор дода, дар иҷрои вазифаҳои гузошта шуда саъю талош хоҳад кард.
Дар ҷаласа, инчунин вазифаҳои навбатӣ барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардида, нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли оянда бо назардошти пешниҳоду таклифҳо тасдиқ карда шуд.
Дар бораи баъзе масъалаҳои баррасишуда чанде аз ҳозирин – аъзои ҲХДТ ибрози андеша карданд.
Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб» ва раиси он Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ барои фаъолияти пурсамарашон изҳори ташаккур карда, онро қаноатбахш ва намунаи ибрати ташкилотҳои ҳизбии дигар шуморида, ҳамагонро барои ҷаҳду талошҳои бештар баҳри иҷрои ҳадафҳои ҲХДТ даъват кард.
Дар фарҷоми ҷаласа 2 нафар аз ҷумлаи кормандони ҳайати асосии Марказ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд. Инчунин, ҳафт нафар корманди Марказ бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.