Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ФУРӮҒИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Нашр шуд: 16 Ноябри 2023
Диданд: 11654

Душанбе, 16 ноябри соли 2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияташон ба ҳайси сарвари давлат тамоми таваҷҷуҳ ва ҷаҳду талошашонро барои рушди илму маорифу фарҳанг, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ аз таъриху фарҳанги ниёгон, эҳёи ҳунарҳои суннатию мардумӣ ва шинохти бузургони миллат равона намуданд.

Ҳамасола бо амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” далели ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, соли ҷорӣ аз 2-юми феврал амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни мазкур содир гардид. Ҳадафи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

Инак соли панҷум аст, ки бо амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи шаш номинатсия – (1) адабиёти кӯдакон ва наврасон, (2) адабиёти классикии тоҷик, (3) адабиёти муосири тоҷик, (4) адабиёти ҷаҳон, (5) эҷоди назм ва (6) эҷоди наср баргузор мегардад.

Бо ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сармутахассиси фанни адабиёти тоҷики раёсати таҳияи маводди имтиҳони Марказ Хуршед Эҳсон дар номинатсияи эҷоди наср ғолиби ҷойи дуюм гардид.

Ба ин муносибат 16-уми ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор шуд.

Ҷаласа бо сухани директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ оғоз гардид. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки Хуршед Эҳсон аз мутахассисони кордон ва фаъоли Марказ аст. Ӯ бо дониш ва истеъдоди баландаш дар чунин озмунҳо иштирок намуда, дар бахши “Эҷоди наср” ғолиби ҷойи аввали даври ноҳиявӣ (ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе) ва ғолиби ҷойи аввали даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ гардида буд.

Сардори раёсати таҳияи маводди имтиҳон Азимов Ҷ. дар бораи ҳадафҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маъруза кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки озмун чунонки аз Низомномаи он бармеояд, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

Баъдан бори дигар ҷоизаҳои ғолиби ҷойи аввали даври шаҳрӣ ва ғолиби ҷойи дуюми даври ҷумҳуриявии озмун ба Хуршед Эҳсон супорида шуд.

Директори Марказ таъкид намуд, ки ба Хуршед Эҳсон барои дастовардаш дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз номи Марказ мукофотпулӣ ва як роҳхат ба яке аз осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ тақдим карда мешавад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон