Феҳристҳои ихтисосҳо тибқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисмҳои А ва Б барои ҳар ихтисос
Душанбе, 11-уми июли соли 2020
Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ми ёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути шкалабандӣ (миқёсгузорӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандии холҳо барои ҳар субтести алоҳида дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо ба роҳ монда мешавад. Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасад.
Барои холро ба бал баргардонидан Марказ аз усули муайян истифода мекунад, ки дар он вобаста аз ҳар як субтести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум) дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо мушаххасоти зерин ба назар гирифта мешавад:
1) шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо аз субтест;
2) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз субтест;
3) шумораи довталабоне, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои муайян субтестро иҷро кардаанд;
4) чандомади холҳои бадастовардаи довталабон аз субтест, яъне шумораи довталабон дар доираи ҳар яке аз ададҳои аз 0 то шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо аз субтест;
5) холи бадастовардаи довталаб аз субтест.
Азбаски дар бораи мушаххасоти 3-юм (шумораи довталабоне, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои муайян субтестро иҷро кардаанд) ва 4-ум (чандомади холҳои бадастовардаи довталабон аз субтест, яъне шумораи довталабон дар доираи ҳар яке аз ададҳои аз 0 то шумораи имконпазири ҳадди аксар холҳо аз субтест) на ҳама маълумот доранд, истифодаи равиши муқарраркардаи Марказ барои холро ба бал баргардонидан на барои ҳама имконпазир аст.
Лозим ба зикр аст, ки мувофиқи тартиб барои ҳар субтест дар қисмҳои имтиҳон (А ва Б) вобаста аз ҳар ихтисос шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо ва ё, ба ибораи дигар, шкалаи мувофиқ муайян шудааст.
Бо шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз "Феҳристи ихтисосҳо тибқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) барои ҳар ихтисос" муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (донишгоҳу донишкадаҳо), муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва “Феҳристи ихтисосҳо тибқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои ҳар ихтисос” шинос шудан мумкин аст.
Мувофиқи шкалаҳои муқарраргардида, агар довталаб имтиҳони қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум)-ро бомуваффақият супорад, аз 4 субтести ин қисм ӯ метавонад ҳамагӣ то 500 балро ба даст орад. Таносуби шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо барои субтестҳои қисми А вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳое, ки супоридани ҳар 4 субтести қисми мазкурро талаб мекунанд, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо гуногун буда метавонад. Масалан, барои ихтисоси 1020505 – “Информатика” аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо, бо ибораи дигар, вазни субтестҳо, чунин аст: субтести “Забони тоҷикӣ” – 75 бал, субтести “Математика” – 175 бал, субтести “Химия” – 100 бал ва субтести “Физика” – 150 бал. Дар қисми А шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳои субтести “Забони тоҷикӣ”, новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва ихтисосҳо, 75 аст.
Барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1-ум ва 2-юм) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, масалан, ихтисоси 1030201 – “Тарбияи ҷисмонӣ” аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳои субтести 1-ум (“Забони тоҷикӣ”) 75 ва субтести 2-юм (“Биология”) 175 аст. Яъне, барои чунин ихтисосҳо шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳои субтести 1-ум (“Забони тоҷикӣ”) 75 ва субтести 2-юм (тибқи гурӯҳи ихтисосҳо) 175 аст. Ҳамин тавр, агар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ ин ду субтестро бомуваффақият супорад, барои ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда аз онҳо ҳамагӣ то 250 балро ба даст оварда метавонад.
Аз 3 субтести қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) довталаб метавонад ҳамагӣ то 300 балро ба даст орад. Таносуби бали имконпазири ҳадди аксар барои субтестҳои қисми Б, вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо, низ метавонад гуногун бошад. Масалан, барои ихтисоси 2020301 – “Забон ва адабиёти тоҷик” аз гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳои субтести “Забони тоҷикӣ” 75, субтести “Адабиёти тоҷик/забони русӣ” 125 ва субтести “Забони хориҷӣ” 100 аст. Дар қисми Б низ шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳои субтести “Забони тоҷикӣ” новобаста аз ихтисосҳо 75 аст.
Барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1-ум ва 2-юм) ва қисми В-ро талаб мекунанд, масалан, ихтисоси 201020131 – “Тарбияи ҷисмонӣ” аз гурӯҳи ихтисосҳои 5 ум (тиб, биология ва варзиш) низ шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳои субтести 1-ум (“Забони тоҷикӣ”) 75 ва субтести 2-юм (“Биология”) 175 аст. Ҳамин тавр, агар довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ ин ду субтестро бомуваффақият супорад, барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В-ро талаб мекунанд, аз онҳо ҳамагӣ то 250 балро ба даст оварда метавонад.
Холҳои аз имтиҳони қисми В бадастовардаи довталабон, ки шумораи имконпазири ҳадди аксари онҳо барои ин қисм 100 аст, ба шкалаи 250-балӣ баргардонида мешавад. Ҳамин тавр, бали умумие, ки барои ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А ё Б (субтестҳои 1-ум ва 2-юм) ва аз қисми В бадастовардаи довталаби ин имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида ҳосил мешавад, метавонад то 500 бошад, яъне 250 бал барои ду субтести аввали қисми А ё Б ва 250 бали дигар барои қисми В.
Бояд дар хотир дошт, ки натиҷаи аз қисми В бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани ин имтиҳонҳоро талаб мекунанд. Инчунин, агар довталаби ихтисосҳои қисми В доштаро интихобкарда қисми А ё Б-ро пурра супорида бошад, барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В-ро талаб мекунанд, натиҷаҳои бадастовардаи довталаб аз қисми В ва танҳо аз ду субтести аввал (1-ум ва 2-юм)-и қисми А ё Б ба назар гирифта мешавад. Барои чунин ихтисосҳо натиҷаҳои аз ду субтести охир (3-юм ва 4-ум)-и қисми А ё субтести охир (3-юм)-и қисми Б бадастовардаи довталаб ба назар гирифта намешавад.
Холҳои аз имтиҳони қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастоварда ба шкалаи 500-балӣ баргардонида мешавад. Бали умумие, ки барои ихтисосҳои супоридани қисми Г-ро талабкунанда аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г бадастовардаи довталаби ин имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида ҳосил мешавад, метавонад то 1000 бошад, яъне 500 бал барои қисми А ва 500 бали дигар барои қисми Г.
Натиҷаи аз қисми Г бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани ин имтиҳонҳоро талаб мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки қисми Г-ро довталабоне, ки ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб кардаанд, бар замми қисми А месупоранд. Азбаски довталаб ихтисосҳоро аз ҳар ду муассисаи таълимӣ интихоб карда метавонад, имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ шартан барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо “Г.1” ва барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо “Г.2” ифода карда мешавад. Агар довталаб ихтисосҳоро аз ҳар ду муассисаи таълимӣ интихоб карда бошад, натиҷаи бадастовардааш аз қисми Г.1 барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва баръакс, холҳои бадастовардаи ӯ аз қисми Г.2 барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта намешавад. Инчунин, натиҷаи аз қисми Г.1 ва ё қисми Г.2 бадастовардаи довталаб барои ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмро талаб намекунанд, ба ҳисоб гирифта намешавад.
Довталабон барои ба бал баргардонидани холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашон метавонанд аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки тибқи натиҷаҳои ИМД-2020 бо равиши муқарраркардаи Марказ ҳисоб карда, рӯзи эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (19-уми июл) дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, истифода кунанд.