Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2021
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2021
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2021-2022 (руйхати ихтисосҳо)
    • Ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷоди ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
  • Саволу ҷавоб

ФЕҲРИСТҲОИ ИХТИСОСҲО: ШУМОРАИ ИМКОНПАЗИРИ ҲАДДИ АКСАРИ БАЛ АЗ ҲАР СУБТЕСТИ ҚИСМИ Б (ИМТИҲОНИ ИХТИСОС) ВА МУВОФИҚАТИ ДАСТОВАРДҲО БА ИХТИСОСҲО (ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ, ВАРЗИШ ВА ФАРҲАНГУ САНЪАТ)

Нашр шуд: 21 Июли 2016
Диданд: 85

Душанбе, 21-уми июли соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мерасонад, ки феҳристҳои зеринро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд:

1. «Феҳристи ихтисосҳо бо дарназардошти гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ва субтестҳои онҳо, шумораи имконпазири ҳадди аксари бал аз ҳар субтести қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20‑уми июли cоли 2016, № 2147.

2. «Феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба онҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад» аз 20‑уми июли cоли 2016, № 2144.

3. «Феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш ба онҳо мувофиқат карда, аз рӯйи ин дастовардҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад» аз 20‑уми июли cоли 2016, № 2142.

4. «Феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ба онҳо мувофиқат карда, аз рӯйи ин дастовардҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад» аз 20‑уми июли cоли 2016, № 2143.

Чунонки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ҳангоми қабули донишҷӯ ба муассисаи таълимӣ мувофиқати дастоварди довталаб ба равияи таълим ё ихтисосҳои интихобкардаи ӯ ба назар гирифта мешавад ва агар ба ӯ барои қабул ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ имтиёз дода шавад, танҳо дар асоси чунин мувофиқат дода мешавад. Ҳамин тариқ, тибқи тартиби муқарраргардида дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ низ (1) ғолибият дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз рӯйи фанҳои таълимӣ дар сурати мувофиқат карданаш ба ихтисосҳои интихобкарда, яъне фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда ба ҳисоб рафтани он; (2) дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш/санъату фарҳанг дар сурати ба ихтисосҳои интихобкардаашон мувофиқат кардани ин дастовардҳо ҳамчун асос барои додани имтиёз ба довталаб ба назар гирифта мешавад.

Лозим ба қайд аст, ки тибқи «Феҳристи ихтисосҳо бо дарназардошти гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ва субтестҳои онҳо, шумораи имконпазири ҳадди аксари бал аз ҳар субтести қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян гардидааст, ки дар доираи ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо вазн (шумораи имконпазири ҳадди аксари бал)-и ҳар субтест вобаста аз ҳар як ихтисос ба чанд баробар аст.

Феҳристҳои мазкурро Марказ дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ таҳия намудааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Роҳнамои довталаб - 2021Роҳнамои довталаб - 2021
  • Намунаи саволу масъалаҳои тестНамунаи саволу масъалаҳои тест
  • Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2021 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон