Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2022
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2022
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2022-2023 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ФЕҲРИСТҲОИ ИХТИСОСҲО ВОБАСТА БА ДАСТОВАРДҲОИ ДОВАЛАБОН

Нашр шуд: 21 Июни 2022
Диданд: 667

Душанбе, 21-уми июни соли 2022

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш ё фарҳанг, ё санъат мебошанд, расонида мешавад, ки феҳристҳои зерин дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шуд:

- феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад;

- феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ба онҳо мувофиқат карда, аз рӯйи ин дастовардҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад;

- феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш ба онҳо мувофиқат карда, аз рӯйи ин дастовардҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи “Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2016, № 3839 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми ноябри соли 2016 таҳти № 832 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дастоварди довталаб ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардааш бояд мувофиқат кунад:

- ғолибияти довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз рӯйи фанни таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фанни олимпиада ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқат намояд;

- ғолибияти довталаб дар озмун ё фестивали бадеӣ ё эҷодии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ба онҳо мувофиқат мекунанд, равияи озмун ё фестивал ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад;

- дастоварди довталаб дар соҳаи варзиш: дорандаи дараҷаи «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ё унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», ё «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданаш дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки агар тибқи феҳристи ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш ба онҳо мувофиқат мекунанд, ин дастовард ба ихтисос(ҳо)-и интихобкардаи довталаб мувофиқ бошад.

Вобаста ба ин, ба довталабоне, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ, дорандаи дастовард дар соҳаи варзиш ё фарҳанг, ё санъат мебошанд, тавсия медиҳем, ки бо феҳристҳои дахлдор шинос шаванд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • ТАҚВИМИ ИМД-2022ТАҚВИМИ ИМД-2022
  • Марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории ИМД-2022Марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории ИМД-2022
  • Роҳнамои довталаб - 2022Роҳнамои довталаб - 2022
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2022Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2022
  • Нақшаи қабули с.т. 2022-2023 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2022-2023 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Барқарор кардани рамзи хизматрасонии "Худро бисанҷ"Барқарор кардани рамзи хизматрасонии "Худро бисанҷ"

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2022 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон