Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИИ «РОҲНАМОИ ДОВТАЛАБ» НАМУНАИ ИБРАТ ДОНИСТА ШУД

Нашр шуд: 12 Январи 2023
Диданд: 1078

Душанбе, 12-уми январи соли 2023

12-уми январи соли 2023 ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Роҳнамои довталаб» ҷаласаи ҷамъбастӣ-ҳисоботии худро доир кард. Маҷлис дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, масъалаи асосиаш натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2022 буд.

Рӯзномаи ҷаласа, ҳамчунин масъалаҳои омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ (аз 23.12.2022), тасдиқи Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2023 ва ғайраро дарбар мегирифт.

Дар ҷаласа, ба ҷуз аъзои ташкилот, инчунин Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзид. Раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Роҳнамои довталаб», ҳамзамон директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ба кори маҷлис оғоз бахшида, пас аз сухани ифтитоҳӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб» дар давоми соли 2022 маърузаи ҳисоботӣ кард.

Ҷаъфарзода С. Ф. дар маърузааш, аз ҷумла қайд кард, ки ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро дар соли сипаришуда дар асоси Оиннома, Барнома, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, вазифаҳояшро, бахусус дар робита ба ташвиқу тарғиби ғояҳои оинномавии ҳизб ва ҳадафҳои идеологии он муваффақона ба анҷом расонидааст. Теъдоди аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз як давраи ҳисоботӣ то давраи дигар меафзояд. Ба истиснои 1 нафар ҳамаи аъзои ташкилоти ибтидоӣ дорои таҳсилоти олиянд.

Мавсуф тазаккур дод, ки минбаъд низ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳнамои довталаб» дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамои кори хеш қарор дода, дар иҷрои вазифаҳояш саъю талош хоҳад варзид.

Вобаста ба масъалаи дувуми ҷаласа – омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ (аз 23.12.2022) Рустамов Ҷ., сармутахассиси Марказ, сухан гуфта, оид ба ягонагии ғояву ҳадафҳои ҲХДТ ва аҳдофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷассуми онҳо дар Паём ва амсоли инҳо ибрози назар кард.

Дар ҷаласа, инчунин вазифаҳои навбатӣ барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардида, нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2023 бо назардошти пешниҳоду таклифҳо тасдиқ карда шуд.

Пиромуни масъалаҳои баррасишуда чанде аз ҳозирин – аъзои ҲХДТ ибрози андеша карданд.

Дар охир, қабл аз хатми ҷаласа, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Роҳнамои довталаб» ва раиси он Ҷаъфарзода С. Ф. барои фаъолияти пурсамарашон изҳори ташаккур карда, онро қаноатбахш ва гузашта аз ин, шоистаи таҳсин ва намунаи ибрати ташкилотҳои ҳизбии дигар шуморида, ҳамагонро барои ҷаҳду талошҳои бештар баҳри иҷрои ғояву аҳдофи ҲХДТ даъват кард.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон