Душанбе, 19-уми феврали соли 2014. Тибқи дархости литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе ва супориши директори марказ бо маъмурият, ҳайати омӯзгорон, падару модарон ва хатмкунандагони муассисаи таълимии мазкур корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба МТОК доир гардид.
Дар он сардори шуъбаи тақсим ва ҷобаҷогузории донишҷўён ба МТОК М. Шодиев ва сардори шуъбаи таҳияи маводи имтиҳон/тестҳо Ҷамшед Азимов суханронӣ намуда, ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд. Муовини директори муассиса оид ба тарбия З. Иқболов ба маркз барои доир намудани чорабинии мазкур ва дастрас намудани матолиби тарғиботӣ - маҷаллаи иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, барнома ва модули омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дискҳо (роликҳои тарғиботӣ) изҳори сипос намуд.