Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ФАЪОЛ ГАРДИДАНИ ХИЗМАТРАСОНИИ «БАРҚАРОРСОЗИИ РАМЗИ КАБИНЕТИ ИНФИРОДӢ БА ВОСИТАИ ПАЁМАК (SMS)»

Нашр шуд: 30 Марти 2020
Диданд: 1324

Душанбе, 30-юми марти соли 2020

Ба диққати довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд, расонида мешавад, ки хизматрасонии «Барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ ба воситаи паёмак (SMS)» фаъол гардид.

Шарти асосӣ барои барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ ба воситаи паёмак (SMS) қайд кардани рақами телефони мобилӣ дар вақти бақайдгирӣ ва фаъол будани ин рақам мебошад.

Барои барқарор кардани рамзи фаромӯшшуда дар равзанаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ пайванди «Рамзро фаромӯш кардед?»-ро пахш кардан лозим аст, ки дар натиҷаи он равзанаи нави иборат аз ду пайванд: «Ба воситаи почтаи электронӣ» ва «Ба воситаи SMS-паёмак» пайдо мешавад. Довталаб дар ин равзана пайванди «Ба воситаи SMS-паёмак»-ро бояд пахш кунад.

Бо пахши ин пайванд равзанаи иборат аз се майдон: (1) «Рақами назоратӣ», (2) «Телефони мобилӣ» ва (3) «Рамзи санҷишӣ» ва як тугма – «Фиристодан» пайдо мешавад. Довталаб бояд рақами назоратӣ, рақами телефони мобилии дар вақти бақайдгирӣ нишондодааш ва рамзи санҷиширо, ки аз тарафи система ба таври тасодуфӣ тавлид ва дар равзана нишон дода мешавад, дар майдонҳои дахлдор дохил ва тугмаи «Фиристодан»-ро пахш кунад. Сипас рамзи муваққатиро, ки хизматрасонӣ ба рақами телефони мобилии довталаб мефиристад, аз телефони мобилиаш гирифта, бо истифода аз он ба кабинети инфиродиаш медарояд.

Хотиррасон мекунем, ки довталаб рамзи кабинети инфиродиашро ба воситаи почтаи электронӣ низ барқарор карда метавонад. Шарти асосӣ барои барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ тавассути почтаи электронӣ қайд кардани он дар вақти сабти номи довталаб аст.

Маълумоти муфассалро дар бораи моҳият ва тарзи истифодаи кабинети инфиродии довталаб, аз ҷумла тартиби барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ ба воситаи почтаи электронӣ ва тарзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ аз бахши «Кабинети инфиродӣ»-и дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.

ТАВАҶҶУҲ!

1. Истифода аз хизматрасонии «Барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ ба воситаи паёмак (SMS)» ройгон аст.

2. Довталаб наметавонад рамзи воридшавиро ба кабинети инфиродиаш бо истифода аз телефони мобилие барқарор созад, ки рақами онро дар вақти бақайдгирӣ нишон надодааст ё онро ҳамчун телефони хона нишон додааст.

3. Дар вақти истифода аз ин хизматрасонӣ рақами назоратӣ, рақами телефони мобилии довталаб ва рамзи санҷишӣ дар майдонҳои дахлдор бояд дуруст ворид карда шаванд.

4. Дар вақти ворид кардани рамзи муваққатие, ки онро система бо паёмак (SMS)-и ҷавобӣ мефиристад, дуруст навиштани он дар майдони дахлдори равзанаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ бояд риоя карда шавад.

5. Ҳангоми иваз кардани рамзи муваққатӣ дар равзанаи «Ивази рамз» ба номи майдонҳо диққат додан лозим аст: дар майдони «Рамз» рамзи муваққатӣ ва дар майдонҳои «Рамзи нав» ва «Тасдиқи рамзи нав» рамзи нави худро айнан як хел бояд дохил кард.

6. Бо истифода аз рақами кӯтоҳи 1617 ё 989001617, ки солҳои гузашта дар амал буд, барқарорсозии рамзи кабинети инфиродӣ имконнопазир аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон