Душанбе, 1-уми апрели соли 2022
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби тренерон
Мансаб: тренер (33 ҷой);
Муддати кор: 12 рӯз (аз 31-уми май то 11-уми июн бо имкони тамдид).
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 10 нафар, н. Рашт – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 4 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, ш. Бохтар – 4 нафар, ш. Кӯлоб – 4 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Кӯшониён – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо мақсади омӯзонидани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ Марказ барои интихоби тренерон озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида, ҳамчун тренер, барои ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
- омода намудани макони баргузории семинарҳои омӯзишӣ;
- ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ;
- интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ дар асоси меъёрҳои муқарраркардаи Марказ пас аз омӯзиш;
- супоридани ҳисоботи хаттии ҷамъбастӣ оид ба рафти семинарҳои омӯзишӣ;
- пешниҳод намудани рӯйхати иштирокдорони семинарҳои омӯзишӣ, ки дар асоси озмун ба вазифаҳои гуногун интихоб гардиданд.
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ;
- собиқаи педагогии на камтар аз 5 сол;
- доштани маҳорати созмондеҳӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо иштироки шумораи зиёди иштирокдорон;
- малакаи кор дар ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ;
- маҳорати хуби муошират;
- малакаи озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Интихоби тренерон дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Хоҳишмандон бояд маълумотварақаро бо забони тоҷикӣ пур кунанд ва маълумотварақаи пуркардашуда, нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи билети ҳарбӣ (агар дошта бошад)-ро замима карда тавассути почтаи электронӣ (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) ба Марказ пешниҳод намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд.
Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 10-уми апрели соли 2022, то соати 16:00.