Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ
Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (140 ҷой).
Муҳлат: 46 рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2024 бо имкони тамдид).
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 28 нафар, ш. Ваҳдат – 6 нафар, ш. Турсунзода – 6 нафар, ш. Ҳисор – 4 нафар, ш. Хуҷанд – 8 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Исфара – 2 нафар, ш. Конибодом – 2 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, ш. Бохтар – 10 нафар, ш. Кӯлоб – 8 нафар, ш. Хоруғ – 4 нафар, н. Рашт – 4 нафар, н. Рӯдакӣ – 2 нафар, н. Ашт – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, н. Деваштич – 2 нафар, н. Спитамен – 2 нафар, н. Ҷ. Расулов – 2 нафар, н. А. Ҷомӣ – 2 нафар, н. Вахш – 2 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, н. Дӯстӣ – 2 нафар, н. Ёвон – 4 нафар, н. Қубодиён – 2 нафар, н. Панҷ – 2 нафар, н. Фархор – 2 нафар, н. Хуросон – 2 нафар, н. Ҳамадонӣ – 2 нафар, н. Ҷайҳун – 2 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар.
Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (14 ҷой)
Муҳлат: 25 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2024 бо имкони тамдид)
Макони иҷрои вазифа: ш. Норак – 2 нафар, н. Файзобод – 2 нафар, н. Айнӣ – 2 нафар, н. Зафаробод – 2 нафар, н. Мастчоҳ – 2 нафар, н. Муъминобод – 2 нафар, н. Темурмалик – 2 нафар.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади бақайдгирии довталабон дар доираи ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Марказ барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ масъул мешаванд.
Вазифаҳои асосӣ:
- омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ ва таҷҳизоти техникӣ барои бақайдгирии довталабон;
- таъмини ворид намудани маълумоти дақиқ тибқи қоида ва дастурамали мансабӣ;
- таъмини нигаҳдории маълумоти дақиқи довталаб то замони ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ супоридан;
- пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ.
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ ё олии нопурра;
- таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф;
- малакаи кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-корт, барномаҳои офисӣ ва дастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;
- озодона суҳбат намудан бо забони тоҷикӣ.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаро, ки дар шабакаи Интернет бо суроғаи http://vacancy.ntc.tj/ гузошта шудааст, бо забони тоҷикӣ пур карда, ба он нусхаи шиноснома бо ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ, нусхаи маълумотнома аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк“ оид ба суратҳисоби корти пластикӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима намоянд.
Номзадҳо ба воситаи озмун интихоб мешаванд.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 20-уми январи соли 2024, то соати 16:00.