Душанбе, 25-уми июли соли 2018
Пас аз ҷамъбасти имтиҳонҳо ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест аз фанҳои Математика (қисмҳои А ва Б-и имтиҳонҳои даври асосӣ ва имтиҳонҳои даври иловагӣ), Таърих (қисми Б-и имтиҳонҳои даври иловагӣ) ва Забони хориҷӣ (қисми Б.4-и имтиҳонҳои даври асосӣ) бозбинӣ ва ғалатҳои техникии дар онҳо роҳёфта ислоҳ карда шуданд. Калидҳо дар шакли нав омода ва дар сомонаи Марказ гузошта шуданд. Аз довталабоне, ки ҷавобҳои худро бо калидҳои қаблан дар сомонаи Марказ гузошташуда санҷидаанд, хоҳиш менамоем, ки бори дигар ҷавобҳояшонро бо калидҳои рӯзи 25.07.2018 гузошташуда бисанҷанд. Коркарди варақаи ҷавобҳои тест маҳз аз рӯйи ҳамин калидҳо анҷом дода мешавад.