Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ВОБАСТАГИИ ХОЛҲОИ ГУЗАРИШ ДАР ИМД-2018 АЗ КОЛЛЕҶҲО ВА ДОНИШГОҲУ ДОНИШКАДАҲО

Нашр шуд: 16 Марти 2018
Диданд: 1138

Душанбе, 16-уми марти соли 2018

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ИМД-2018 ба нақша гирифта шудааст, ки холҳои гузариш аз рӯйи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) барои довталабони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) алоҳида ва барои довталабони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (донишгоҳу донишкадаҳо) алоҳида муқаррар карда мешавад. Яъне, соли ҷорӣ холҳои гузариш аз рӯйи субтестҳои қисмҳои А ва Б барои довталабони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва довталабони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (донишгоҳу донишкадаҳо) як хел нест, балки барои довталабони донишгоҳу донишкадаҳо холҳои гузариш баландтар муқаррар карда мешавад.

Вобаста ба ин, ба довталабон тавсия медиҳем, ки ҳангоми бақайдгирӣ ин масъаларо ба эътибор бигиранд ва бидонанд, ки холҳои гузариш барои довталабони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) нисбатан пасттар аст. Аз ин рӯ, интихоб кардани коллеҷҳо имконияти бештарро ба довталабон барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои пешниҳодкардаи коллеҷҳо фароҳам меорад.

Ба довталабон инчунин, тавсия дода мешавад, ки ҳангоми интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо ҳисоботи омориро оид ба рафти бақайдгирии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2018, ки мунтазам дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, ба назар гиранд.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ аз ИМД-2017 дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо, шумораи бештари довталабон нисбат ба нақшаи қабул ба гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) рост омада буд, ки он ба 221,94% баробар буд. Тибқи ин нишондиҳанда соли 2017 дар ҷойи дуюм гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) бо 219,31%-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дошт. Дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2017-ум шумораи камтарини довталабони номнависшуда ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост омада буд, ки он ҳамагӣ ба 82,93%-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ баробар буд. Тибқи ин нишондиҳанда соли 2017 дар ҷойи дуюм гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) бо 110,90%-и шумораи ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳ қарор дошт. Вобаста ба ин, соли 2017‑ум аз шумораи довталабони дар имтиҳонҳо иштироккарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум 16511 нафар (49,09%), яъне қариб нисфашон ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум 4298 нафар (43,99%)-ашон сазовори номи донишҷӯй шуда натавонистанд, ки ин ҳиссаи хеле зиёд аст. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум танҳо 2317 нафар (17,18%)-ашон ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 2402 нафар (15,77%)-ашон аз шумораи умумии дар имтиҳонҳо иштироккарда сазовори номи донишҷӯй шуда натавонистаанд, ки ин нисбат ба ҳиссаи довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 4-ум ва 5-ум хеле кам аст.

Агар маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабонро дар ИМД-2018 аз 1-ум то 14‑уми март таҳлил кунем, тибқи он шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум ҳудуди 55% ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4‑ум ҳудуди 48%-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум ҳудуди 17% ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм ҳудуди 21%-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 4‑ум ва 5-ум хеле кам аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон