Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗА БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ БИНОБАР ДАР ДАВРИ АСОСИИ ИМТИҲОН (ИМТИҲОНҲО) ИШТИРОК КАРДА НАТАВОНИСТАНАШОН ХОҲИШИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲО ДОРАНД

Нашр шуд: 04 Июли 2019
Диданд: 1660

Душанбе, 4-уми июли соли 2019

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва (ё) қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва (ё) қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) иштирок карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон рӯзҳои 18-ум ва 19-уми июл мегузарад.

Тибқи тартиби муқарраргардида, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон (имтиҳонҳо) иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳонҳо иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2019 барои як довталаби дар даври иловагии имтиҳон (имтиҳонҳо) иштироккунанда чунин муқаррар карда шудааст:

1) 130 сомонӣ – барои иштироки як довталаб дар ду қисм: А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос);

2) 65 сомонӣ – барои иштироки як довталаб танҳо дар яке аз қисмҳо: А (имтиҳони умумӣ) ё Б (имтиҳони ихтисос) ё АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос).

Хотиррасон мекунем, ки тибқи банди 24-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ гардидааст, шахсони зерин аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла дар даври иловагии он) озоданд:

-    ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола;

-    маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.

Инчунин, шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2019 озоданд ва вобаста аз хоҳиши иштирокашон дар як ё ду қисми имтиҳон маблағи хизматрасониро чунин пардохт мекунанд:

-    65 сомонӣ – агар довталаби зикршуда дар ду қисм (А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)) иштирок кардан хоҳад;

-    32 сомонию 50 дирам – агар довталаби зикршуда танҳо дар яке аз қисмҳо (А (имтиҳони умумӣ) ё Б (имтиҳони ихтисос) ё АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос)) иштирок кардан хоҳад.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2019 пурра озод аст.

Варақаи аризаро довталаб аз Маркази миллии тестӣ ё бахши минтақавӣ ё сомонаи он дастрас карда метавонад. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб ва расиди бонкӣ дар бораи пардохти маблағи иловагии муқарраргардида илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ ва расиди бонкӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд. Таъкид мекунем, ки бинобар ба раванди имтиҳонҳо ҷалб гардидани кормандони бахшҳои минтақавии шуъбаи ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳру ноҳияҳо қабули аризаҳо дар бахшҳои мазкур ба роҳ монда намешавад. Инчунин, азбаски тибқи талабот бояд ба ариза асли расиди бонкӣ замима карда шавад, аризаҳо бо нусхаи (сканершудаи) расиди бонкӣ тавассути почтаи электронӣ қабул карда намешавад.

Даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳони умумӣ) рӯзи 18‑уми июл, қисмҳои Б (имтиҳони ихтисос) ва АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) рӯзи 19‑уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур аз 8‑ум то 15‑уми июл муқаррар гардидааст. Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод мекунанд, тавсия медиҳем, ки шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои дар зер нишондодашуда барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.

Ёдрас менамоем, ки онҳое, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ ё марҳалаи иловагии бақайдгирӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар даври иловагии имтиҳонҳо надоранд.

Нишонӣ ва рақамҳои телефони Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он

 

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 192

Телефонҳо: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68

Факс: (+992 37) 224 53 66

Сомона: www.ntc.tj

Почтаи электронӣ: office@ntc.tj

--------------------------------------------------------------  ♦ ----------------------------

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Нишонӣ: шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79

Телефон: (+992) 91 978 54 64

--------------------------------------------------------------  ♦ ----------------------------

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Нишонӣ: кӯчаи Ҳаким Карим, 16

Телефон: (+992) 91 110 12 97

--------------------------------------------------------------  ♦ ----------------------------

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Нишонӣ: кӯчаи Лоиқ Шералй, 105

Телефон: (+992) 91 563 51 00

--------------------------------------------------------------  ♦ ----------------------------

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

Нишонӣ: кӯчаи Борбад, 13

Телефон: (+992) 91 598 00 58

--------------------------------------------------------------  ♦ ----------------------------

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

Нишонӣ: хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26

Телефон: (+992) 91 111 89 77

--------------------------------------------------------------  ♦ ----------------------------

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

Нишонӣ: кӯчаи Марказӣ, 32

Телефон: (+992) 88 888 03 08

--------------------------------------------------------------  ♦ ----------------------------

БАХШИ МИНТАҚАВИИ

раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ

Нишонӣ: кӯчаи Шоҳқирғизов, 12

НишонӣТелефон: (+992) 91 520 72 29

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон