Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН

Нашр шуд: 28 Августи 2015
Диданд: 924

ЭЪЛОН

ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН

Душанбе, 28-уми августи соли 2015

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон (8‑уми август) роҳ ёфта буданду лекин дар озмуни мазкур аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, мерасонад, ки тибқи ҷойҳои дар ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимот (‑и асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2015 холимонда тақсимоти такрории довталабон доир мегардад. Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро надоранд.

Бо мақсади иштирок дар тақсимоти такрорӣ довталаб бояд аз нав аз қайд гузарад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар яке аз нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда шудааст, 18 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватномашро ба бақайдгиранда пешниҳод намояд. Ёдрас менамоем, ки қабули маблағҳо барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ бевосита дар нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ ба роҳ монда шуда, ятимони кулл ва бепарасторон аз пардохти маблағ озоданд. Азнавбақайдгирӣ рӯзҳои 29‑ум, 30‑юм ва 31‑уми август баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон доир мегардад, 3‑юми сентябр эълон карда мешаванд.

Мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27‑уми августи соли 2015, № 20/1 тақсимоти такрорӣ мувофиқи ихтисосҳое баргузор карда мешавад, ки дар онҳо баъд аз тақсимот (‑и асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 15 ё зиёда аз он ҷойи холӣ мондааст.

Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод гардидаанд, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст. Вобаста ба ин, ҳар як довталаб имкон дорад, ки ихтисосҳои мехостаашро пешакӣ интихоб намояд.

Тақсимоти такрорӣ барои довталабони дахлдори гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 1-ум, 2-юм, 3-юм ва 4-ум дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и интихобкардаашон доир карда мешавад. Яъне, ҳар як довталаб ихтисосҳои дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и қаблан интихобнамудааш метавонад интихоб намояд, ба истиснои довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 5‑ум.

Дар тақсимоти такрорӣ ихтисосҳои гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 5-ум, ба истиснои ихтисосҳои 1030201 – “Тарбияи ҷисмонӣ” ва 1880201 – “Фаъолияти варзишии омӯзгорӣ”-и Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов пешниҳод намегарданд.

Бинобар ин, ба довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 5-ум, ки аз субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб шудаанд, ҳуқуқ дода шудааст, ки ихтисосҳои дорои ҷойҳои холиро аз гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1-ум интихоб намоянд.

Довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 5-ум, ки аз субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ) ва имтиҳони маҳорати махсуси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов (минбаъд – Донишкада) холҳои гузаришро соҳиб шуда, аз субтестҳои қисми Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро ба даст наовардаанд ё дар имтиҳони қисми мазкур иштирок накардаанд, новобаста аз навъи имтиҳонҳои маҳорати махсуси супоридаашон, метавонанд танҳо ихтисосҳои дорои ҷойҳои холии Донишкадаро, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод гардидаанд, интихоб намоянд.

Довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 1-ум, 2 юм, 3 юм ва 4-ум, ки аз субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус холҳои гузаришро соҳиб шуда, аз субтестҳои қисми Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро ба даст наовардаанд ё дар имтиҳони қисми мазкур иштирок накардаанд, метавонанд дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и интихобкардаашон танҳо ихтисосҳои дорои ҷойҳои холиеро интихоб намоянд, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро талаб менамоянд.

Тақсимоти такрорӣ барои довталабони дахлдори гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 2-юм, 3-юм ва 4-ум дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳояшон (балҳои бадастовардаашон) аз субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (агар ихтисос супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб мекарда бошад) гузаронида мешавад.

Тақсимоти такрорӣ барои довталабони дахлдори гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 1-ум ва 5-ум, ки ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳо аз гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1-умро доранд, дар асоси балҳои бадастовардаашон аз субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ) гузаронида мешавад.

Тақсимоти такрорӣ барои довталабони дахлдори гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 1-ум, 2-юм, 3-юм ва 4-ум, ки ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоеро доранд, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро талаб мекунанд, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и интихобкардаашон дар асоси балҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус бадастовардаашон гузаронида мешавад.

Бори дигар ба ҳамаи довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ муваффақ нагардидаанд ва хоҳиши иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро доранд, муроҷиат менамоем, ки ҳангоми интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил ба шитобкорӣ роҳ надода, онҳоро дуруст ва мувофиқи донишу қобилият ва имкониятҳояшон интихоб намоянд.

 

РӮЙХАТИ

нуқтаҳои азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2015

Р/т

Макони ҷойгиршавии нуқтаи азнавбақайдгирӣ

Нишонии пурра

1.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино,

кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 9

2.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61

3.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, 265/1

4.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 87-и ба номи Шодӣ Ҳаниф

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон, 2/2

Вилояти Суғд

5.

Гимназияи № 24 ба номи Бобоҷон Ғафуров

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум

6.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79

Вилояти Хатлон

7.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 ба номи Лоиқ Шералӣ

шаҳри Кӯрғонтеппа,

кӯчаи Мирзоқодирова, 7

8.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ба номи А. Ҳомидов

шаҳри Кӯрғонтеппа,

кӯчаи Дзержинский, 17

9.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

10.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53-и  ба номи Саидҷон Ҳакимзода

шаҳри Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ, 2

11.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1

ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

12.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон