Душанбе, 2-юми августи соли 2017
Ба диққати довталабоне, ки холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (агар ихтисосҳо супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб карда, довталаб онҳоро супорида бошад) ба даст оварда, ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТААНД, мерасонем, ки натиҷаҳои озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон 3‑юми август эълон карда мешавад.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, SMS-паёмаки ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода мешавад.
Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш дар сутуни “Бали гузариш” танҳо барои ҳамин комбинатсия бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси баъд аз 1-ум интихобкардааш комёб гардидани довталаб, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариши комбинатсияи ихтисоси мувофиқи он комёбгардида ва комбинатсия(ҳо)и ихтисос(ҳо)и бартариашон баландтаре, ки тибқи онҳо комёб нагардидааст, нишон дода мешавад. Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нагардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариши ҳамаи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.
Тавассути SMS-паёмак маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:
1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи кӯтоҳи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 15.08.2017 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед!”
2. “№ назоратӣ ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 19 то 22 августи соли 2017 аз нав аз қайд гузаред.”
Хотиррасон менамоем, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта мешавад. Агар дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариши он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.
Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо дар озмуни тақсимот аз рӯи ягон интихобатон нагузаштед!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст, бошад, маънои онро дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.
ТАВАҶҶУҲ! Таъкид менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳанӯз маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад ва гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта танҳо 3-юми август, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад. Дар озмуни тақсимот имкон дорад, ки довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта, ки комбинатсияи ихтисос(ҳо)-и озмунаш баландро интихоб кардааст, комёб нагардад.
Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ дархост (матн)-и “n<рақами назоратӣ>” (масалан, n3081016008393)-ро ба рақами кӯтоҳи 1617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот маълумоти мухтасар гирад. Арзиши фиристодани чунин SMS-паёмак 1 (як) сомонӣ аст.
Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб мегарданд, бояд на дертар аз 15‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиcсияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 15‑уми август муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
3‑юми август рӯйхати довталабони тибқи натиҷаҳои озмун ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор пешниҳод мегарданд.
ТАВАҶҶУҲ! Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати сари вақт то 15‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирокро надорад.
Тақсимоти довталабон бо назардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо тартиби тақсимоти довталабон ба муассиаҳои таълимӣ тибқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон метавонед аз сомонаи Марказ (эълони баъдӣ) шинос шавед.
Агар довталаби холҳои гузаришро соҳибшуда ва ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи натиҷаҳои озмун комёб нагардад, имкон дорад, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ, ки баъди озмуни тақсимоти асосӣ дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондаанд, бо бали аз имтиҳонҳо бадастовардааш дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намояд. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав ба қайд гирифта шаванд. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ онҳо имкон доранд, ки дар доираи ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд.
Лозим ба қайд аст, дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа ва муассисаи таълимии шаҳри Кӯлоб, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода мешавад, нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил карда мешавад. Дар зарурат довталабон метавонанд ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот маълумот гиранд.
Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:
1) ариза ба номи ректор;
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);
3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);
4) 6 дона сурат (андозаи 3х4 см);
5) маълумотнома аз ҷойи зист;
6) шиноснома (асл) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ
1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
– телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67, 224 53 66.
2. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:
– вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234;
– телефон: 915-20-72-29.
3. Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:
– вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим, 16;
– телефон: 911-10-12-97, 915-98-00-49.
4. Қӯрғонтеппа: бахши минтақавии Марказ:
– вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад;
– телефон: 915-98-00-58, 915-98-00-71.
5. Кӯлоб: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов:
– вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40;
– телефон: 915-98-00-88.