Душанбе, 12-уми июли соли 2025
Ба таваҷҷуҳи довталабон расонда мешавад, ки дар ҷадвали баргузории даври дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025, ки 13-уми июл баргузор мегардад, тағйирот ба амал омад. Тибқи тағйироти баамаломада вақти ҳозиршавии довталабон дар марказҳои имтиҳонӣ ва вақти оғози имтиҳон вобаста ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин муқаррар карда шудааст:
Р/т |
Шаҳру ноҳияҳо |
Вақти ҳозиршавӣ ба маркази имтиҳонӣ |
Вақти оғози имтиҳон |
1 |
Душанбе, Хоруғ, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт |
аз соати 08:30 то 09:55 |
10:00 |
2 |
Хуҷанд |
аз соати 10:00 то 11:25 |
11:30 |
Аз ин лиҳоз, аз довталабон хоҳиш менамоем, ки рӯзи 13-уми июл дар марказҳои имтиҳонӣ тибқи ҷадвали дар боло овардашуда ҳозир шаванд. Довталабон ва падару модарон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин хусус метавонанд бо телефонҳои 224 53 68 ва 224 53 73 дар тамос шаванд.
Хотиррасон мекунем, ки бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин барои довталабон ҳатмист:
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
- даъватнома (агар довталаб даъватномаашро дар даст надошта бошад, замону макони инмтиҳонро қаблан донистанаш зарур аст);
- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад).
Дар зарурат довталаб метавонад бо худ дору, оби нӯшокӣ, хӯрок ва воситаҳои беҳдоштии шахсӣ дошта бошад.