Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН ВА ҲОЗИРШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ НАТИҶАҲОИ ИМД-2017

Нашр шуд: 25 Августи 2017
Диданд: 877

Душанбе, 25-уми августи соли 2017

Ба диққати довталабоне, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 19‑ум то 23-юми август) аз нав сабти ном карда буданд, мерасонем, ки натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон 26‑уми август эълон карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб, дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсияи мазкур (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии довталаб, ки дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, SMS-паёмаки ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода мешавад.

Ёдрас менамоем, ки барои ҳар як довталабе, ки ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз нав аз қайд гузаштааст, дар заминаи сомонаи Марказ кабинети инфиродии нав кушода мешавад. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии варақаи бақайдгирии аз нав гирифтааш истифода намояд. Лозим ба қайд аст, ки кабинетҳои инфиродии довталабон низ рӯзи 26-уми август фаъол мешаванд ва воридшавии довталабон ба кабинетҳои инфиродияшон аз ин рӯз имконпазир мегардад.

Тавассути SMS-паёмак маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:

1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи кӯтоҳи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 30.08.2017 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед!”

2. “№ назоратӣ ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД.”

Хотиррасон менамоем, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта мешавад. Агар дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби №n гузаштед!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариши он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Бали гузариш дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродиаш дар сутуни “Бали гузариш” танҳо барои комбинатсияи ихтисосе нишон дода мешавад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи он комёб гардидааст ё барои ҳамаи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаи довталаб, ки ӯ дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи онҳо комёб нагардидааст. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои афзалияташон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.

Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо дар озмуни тақсимот аз рӯи ягон интихобатон нагузаштед!” (ранги пасманзар (фон)-аш он сурх) бошад, маънои онро дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ дархост (матн)-и “n<рақами назоратӣ>” (масалан, n7081016008393)-ро ба рақами кӯтоҳи 1617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот маълумоти мухтасар гирад. Арзиши фиристодани чунин SMS-паёмак 1 (як) сомонӣ аст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб мегарданд, бояд на дертар аз 30‑юми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комисияи қабули он муроҷиат намоянд. Агар маълум бошад, ки бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида довталаб ба муассисаи таълимӣ ҳозир шуда наметавонад, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 30‑юми август муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

26‑уми август рӯйхати довталабони тибқи натиҷаҳои озмун ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор пешниҳод мегарданд.

ТАВАҶҶУҲ! Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 30‑юми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.

Тақсимоти такрории довталабон бо назардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо тартиби тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимӣ тибқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкарда довталабон метавонанд аз сомонаи Марказ шинос шаванд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 086-у);

4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ  додааст;

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

 

Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

– телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67, 224 53 66.

2. Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:

– вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим, 16;

– телефон: 911-10-12-97, 915-98-00-49.

3. Қӯрғонтеппа: бахши минтақавии Марказ:

– вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад;

– телефон: 915-98-00-58, 915-98-00-71.

4. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:

– вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234;

– телефон: 915-20-72-29.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон